ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ҳар ду ба лаби ҷӯй, ки қад-кади роҳ ҷорӣ мешуд, баромада истоданд. Мошинаи холии боркашон чанги кӯчаро ба осмон бардошта гузашта рафт.
– Гӯр ҳамин шаҳратон шавад, – сару рӯяшро бо рӯймолча пок карда гуфт Саломат-апа. – Асфалт кунад намешавад-мӣ?
– Ин ҷо асфалт мешавад, – гуфт Гавҳар. – Дар пеши ҳо вай дӯкончаи брошка харидагиатон машини асфалт мекардагӣ истода буд, надидед-мӣ, Саломат-апа?
– Хайр, акнун! – даст афшонда гуфта монд Саломатапа.
Гавҳар боз ҳар он ба рӯи ҳамроҳаш нигоҳ партофта, медид, ки вай аз нав хотирпарешон менамояд ва аз нав ба Гавҳар ҳамон хел нигоҳҳои нофаҳмо мекунад.
– Гавҳарҷон, – гуфт дар охир Саломат-апа. – Дадома ту нағз медонистӣ-мӣ?
– Бобома-а?
– Ҳа, бобота.
– Ҳа-а, набошад-чӣ! Ҷудо нағз медидам бобома.
Ба ман фақат «духтарам, духтарам» гуфта гап мезаданд. Як афсонаҳо медонистанд, ки!.. Қунғузак... Кали айёр... Бузаки ҷингилапо... Сонӣ касал шуда монданд.
Чанд бор ба ким-куҷо телеграмма доданд. Фақат ба дадом «телеграмма нарасид, аз афташ» мегуфтанд. Сонӣ аз каташон хеста наметавонистагӣ шуданд. Як рӯз «об»
гуфтанд, об биёрам, сарамро ба сандуқи дилашон зер карда гиря карданд. Баъди ду рӯзаш аз мактаб биёям, ки бачаҳо «Гавҳар, Гавҳар! Бобот мурданд» гуфтанд. Давида ба хонаашон рафтам, бинам, ки дар миёнаи хона хоб кардаанду ҳамин қадар «бобо, бобоҷон» гӯям ҳам, чашмашона накушоданд.
Аз афташ, ҳаво ҳақиқатан хам сахт гарм шуда будааст, ки рӯи Саломат-апа суп-сурх шуда рафт.
– Мана ном намегирифтанд-мӣ? – пурсид ӯ.
– Ҳа-я то ҳамон рӯзи гиря карданашон фақат ба тарафи дарвоза нигоҳ карда, «Саломат, Саломат» мегуфтанд, лекин баъди гиря карданашон дигар нагуфтанд. Сонӣ, гӯед, аз завод одами бисёр омада, бобома машинаба бор карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё