Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо боз ба роҳ даромаданд.
Қабристон хеле дур буд, аз шаҳр ду-се километр меомад. Бар болои ин, роҳ ҳам як роҳи тӯпакхоки серчангу тӯфаланг буд, офтоб ҳам хеле гармӣ мекард.
Саломат-апа аввал гиребони куртаашро кушода партофт, баъд пилникашро ҳам кашида, ба дасташ бардошта гирифт. Сумкаи зард зуд-зуд аз ин даст ба он дасташ мегузашт.
Гавҳар дид, ки сумкаи калон ба ӯ вазнинӣ карда истодааст, дасташро ба тарафи сумка дароз карда, гуфт:
– Саломат-апа, биёед, ман бардорам, дастатонро монда кард аз афташ.
– Не, худам мебардорам, – табассум кард Саломатапа, – ту бардошта наметавонӣ.
– Не, ана ба ман тед, бардошта метавонам! – гӯён Гавҳар низ бо табассум ба рӯи Саломат-апа нигоҳ карда, аз як лаби дастаки сумка дошт.
– Не, не, – рад кард Саломат-апа, вале баъди ин суханонаш якбора розӣ шуд, – хайр, канӣ, зӯратро бинемчӣ...
Гавҳар сумкаро ба даст гирифт. Ба назараш сумка бисёр сабук намуд.
– Канӣ, вазнин не- ку, – ханда кард Гавҳар.
Саломат-апа як дам хомӯшона, танҳо гоҳ-гоҳ ба тарафи Гавҳар нигоҳи тезе партофта роҳ рафт. Ба назари Гавҳар чунин намуд, ки аз Гавҳар чизе пурсиданист, аммо намедонад, ки пурсад ё не. Ҳар дафъае, ки Гавҳар ба ин нигоҳҳои озмоишкоронаи ӯ дучор мешуд, бо хеле ҳайронӣ медид, ки ифодаи рӯи соҳибҷамоли ӯ тамоман дигар шудааст: чашмонаш танг шуда, дар гирди онҳо чинҳои борик пайдо шуда буданд, лабонаш сахт ба ҳам ҷафс шуда, парракҳои бинии зебояш тез-тез тангу васеъ мегардиданд.
Сумка танҳо дар аввал сабук менамудааст: Гавҳар онро ба зӯр ба дасти дигараш гирифт.
– Ман нагуфтам, ки бардошта наметавонӣ? – гӯён Саломат-апа дар охир дастони майдаи нозуки ӯро аз бори гарони сумка халос кард.
Дар ин дам аз дур ғурроси мошина баланд шуд ва дере нагузашта дар болои дӯнгии роҳ худи мошина ҳам пайдо гашт.

пешина
аз 130
навбатӣ