Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ҳам ба болои машина баромада гирифтам.
Ба қабристон рафта будем, ки қариб даҳ кас гапи бобома гуфта нутқ карданд, ки «коргари нағз буд», «одами софдил буд», «стахановчӣ буд». Сонӣ бобома гӯр карданд...
Гавҳар гапашро тамом карда буд. Саломат-апа дигар аз ӯ чизе намепурсид.
Хеле роҳ гаштанд.
– Гавҳарҷон, – гуфт нохост Саломат-апа. Овозаш, ки то ин дам андак бо овози мардҳо монанд буд, якбора маҳин ва навозишомез гардида буд.
Гавҳар сар бардошта ба ӯ нигоҳ кард.
– Ман аз ту як гап мепурсам, боз ба ҳеҷ кас нагӯӣ? – ва бо ким-чи хел табассуми аҷоиб ба Гавҳар чашм дӯхт.
– Пурсед... – ҳайрон шуд Гавҳар.
– Ба ҳеҷ кас намегӯӣ-а?
– Хайр, агар нагӯ гӯед, намегӯям...
Саломат-апа панҷ шаш қадами дигар роҳ гашта, гуфт:
– Ман, гӯйӣ, ҳар моҳ ба бобот пул фиристода меистодам...
–...Ҳа, – гуфт Гавҳар, – бисёр вақт ман ҳамроҳи бобом ба почта мерафтам, паспорташонро дода, ба як коғаз даст мемонданду пул мегирифтанд. Сад сӯм буд, аз афташ. Номи вай пул «перевод». Сонӣ боз як дафтарча доштанд, ки бисёртар пул медод. Номаш «пенсия».
– Хайр, намедонӣ, бобот пулҳоро чӣ кор мекард?».
– Мегирифтанд-дия... – тамоман ҳайрон шуда, чӣ гуфтанашро надониста монд Гавҳар.
– Не, охир, гирифта ба вай чӣ мехариданд?
– Чӣ мехариданд?!
– Ҳа, чӣ мехариданд?
– Ман надонам... – аз надонистани худ ғамгин шуда гуфт Гавҳар.
– Ба ягон кас намедоданд-мӣ?
– Н-надонам...
– Ба очаат намедоданд?
Гавҳар, ки то ин дам ба гапҳои ӯ дуруст сарфаҳм намерафт, гӯё якбора чизеро пай бурд, ки аз роҳаш боз истод.

пешина
аз 130
навбатӣ