ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Хайр, зудтар аз ин ҷо дафъ шав, набошад ҳар дуямон ҳам ба бало мемонем! – гӯён Пурхӯр чормағзпораи хурдакакеро кашола карда рафт.
Майдаяк ҳам аз як кунҷи чормағзпора газида, ба роҳ даромад.
Чормағзпораи калон бисёр вазнин буд. Майдаяк ба обу арақ ғӯтид. Дасту пояш ба дард даромаданд. Аммо вай мардигариро аз даст надода, чормағзпораро ба сӯи хонаашон мекашид.
Хеле роҳ гашт. Ана, аз дур хонаашон ҳам намудор шуд!
Майдаяк камтар дам гирифту боз чормағзпораро газида пеш кашид. Аммо натавонист. Вай хеле монда шуда, аз мадор рафта буд.
Майдаяк дар қаҳр шуду чормағзпораро аз болотараш газида кашид.
Ногоҳ чормағзпора бар болои худи Майдаяк ғелид ва ӯро ба замин пахш кард. Тамоми устухонҳои бадани Майдаяк шақаррос зада рафт.
– Вой, вой! – дод зад Майдаяк. – Вой мурдам!.. Вой, вой!
Майдаяк аз таги чормағзпора баромаданӣ шуда хуб зӯр зад. Аммо зӯраш нарасид. Баръакс, чормағз ӯро боз сахттар ба замин зер кард.
– Ёрӣ диҳед!.. – гӯён фарёд кашид Майдаяк ва пеши чашмонаш торик шуда, аз ҳуш рафт.
Майдаяк чашмашро кушода, худашро дар хонаашон дид. Дар гирди ӯ падараш, модараш, Калонак, Пурхӯр, бобою модаркалонаш, холаву холабача ва аммаву аммабачаҳои бисёраш ҷамъ шуда буданд.
– Ба ҳуш омад! – гӯён модари Майдаяк аз шодӣ гириста фиристод.
– Ҳа, ту сарсахтча! – гуфт бар болои сари ӯ хам шуда падараш. – Қариб мурда будӣ-я!.. Хайрият, ман фарёдатро шунида, ба ёрӣ давидам!
– Аз зӯри беҳуда миён мешиканад! – гӯён ба гап ҳамроҳ шуд бобои Майдаяк. – Ту бояд омада, ба мо ҷои чормағзро хабар медодӣ, ҳамаамон якҷоя шуда чормағзҳои аз ин калонтарро ҳам кашонда меовардем. Аммо ту бошӣ, ба чормағзи аз худат даҳ баробар калон зӯр зада, қариб мурда будӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё