Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман метарсам? – гуфт Пурхӯр чашмонашро алобуло карда. – Биё, набошад! Чунон бардошта занам, ки худат боракалло гӯӣ!
– Мебинем! – гуфт Майдаяк аз миёни Пурхӯр гирифта.
Аммо Пурхӯр ногоҳ «исто, исто!» гӯён дастони Майдаякро аз миёнаш кушода партофт.
– Агар ман туро афтонам, ба ман чӣ медиҳӣ? – гуфт ӯ.
– Чӣ медиҳам? Ту аввал маро афтон, баъд гап зан! – гӯён ҷавоб гардонд Майдаяк.
– Не, – розӣ нашуда гуфт Пурхӯр, – ту афтонӣ – ман ба ту ҷои чормағзро нишон медиҳам. Ту-чӣ?
– Хайр ман ҷои биринҷро нишон медиҳам! – гӯён ба шарти ӯ розӣ шуд Майдаяк.
Мӯрчаякон аз миёни якдигар гирифтанд.
Майдаяк зӯр мезад, ки Пурхӯрро афтонад. Пурхӯр бошад, зӯр мезад, ки Майдаякро афтонад.
Мӯрчаякон ҳай зӯр мезаданд, ҳай зӯр мезаданд!.. Чангу ғубори кӯча ба осмон дакка зад.
– Ҳа!.. – зӯр зада фарёд мекашид Майдаяк.
– Ҳа!.. – зӯр зада дод мегуфт Пурхӯр.
Дар охир Майдаяк зӯр баромаду Пурхӯрро афтонд.
– Акнун ҷои чормағзро нишон медиҳӣ! – гӯён талаб кард Майдаяк.
– Не, нишон дода наметавонам, – гуфт дар ҷавоб Пурхӯр. – Агар ман ба ту ҷои чормағзро нишон диҳам, падарам маро мекушад.
Майдаяк Пурхӯрро тарсонда гуфт:
– Набошад, боз ба хок ғелонда мезанам!
– Хайр... – ночор розӣ шуда гуфт Пурхӯр, – биё, рафтем.
Пурхӯр Майдаякро ба ҷои чормағз сар карда овард.
Он ҷо чормағз чунон бисёр будааст, ки!..
Майдаяк аз чормағз каме хӯрда дид. Ҳай, ҳай! Аҷаб чормағзи бомаза!..
Кадомашро мегирӣ,- гуфт Пурхӯр.
– Аз ҳама калонашро! – ҷавоб дод Майдаяк ва чормағзпораеро, ки аз худаш даҳ баробар калон буд, ҷудо карда гирифт.

пешина
аз 130
навбатӣ