ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Гирду пешаш пур аз биринҷҳои бомаза. То бегоҳ анборчаамонро хеле пур карда мегирем. Шитоб кунед, тезтар қадам монед!
– Хуб, дада, – ҷавоб дод Калонак боадабона.
Мӯрчаякон боз ба роҳ даромаданд.
Баъд аз хеле роҳ гаштан, пурсида-пурсида, кони биринҷҳои бомазаро ёфтанд. Зане нишаста биринҷ тоза мекард. Аз табақи вай донаҳои калону хурди биринҷ борон барин мерехт.
– Ту ана ин хурдтарашро гир, ман ана ин калонтарашро, – гуфт Калонак ба Майдаяк.
Майдаяк гап назада, биринҷдонаро газида кашола кард.
«Аз афти кор, имрӯз бозӣ накарда мемонам» мегуфт ӯ дар дилаш.
Аммо дар нисфи роҳ дид, ки Калонак бо донаи биринҷ овора шуда ба ӯ нигоҳ намекунад. Ӯро фаромӯш кардааст.
Майдаяк дарҳол борашро партофту ба тарафе гурехта рафт. Вай хеле давида, аз роҳаш бозистод ва ба ақибаш нигоҳ кард. Дид, ки Калонак наменамояд.
Ана акнун бозӣ кардан мумкин!
Ногоҳ Майдаяк ҷӯрааш Пурхӯрро дида монд.
Пурхӯр рӯзе як анборча чормағзро паққос хӯрда буд.
Аз ҳамон вақт номаш Пурхӯр шуда монда буд.
– Ӯй Пурхӯр! – гӯён фарёд зад Майдаяк, – гӯштин мегирӣ?
– Вақтам нест, – гуфт Пурхӯр дар ҷавоб, – барои чормағз меравам. Дар он ҷо духтараке чормағз шикаста нишастааст.
– Тарсидӣ? Тарсончак!
– Ҳой Майдаяк, дониста гап зан! – гуфт бо қаҳр Пурхӯр, – чунон дошта занам, ки то соли дигар аз ёдат набарояд!
– Биё, набошад, гӯштин гирем, канӣ, кӣ киро дошта мезанад! – гӯё боз ба қитиқи Пурхӯр расид Майдаяк.
– Вақтам нест-дия, набошад чунон боб кунам, ки!.. – гуфт боз Пурхӯр.
– Фақат «занам, ки занам, ки» мегӯию худат метарсӣ! – гуфт Майдаяк.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё