ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Падараш барин якта-якта, саросема нашуда қадам мемонд.
Кам гап мезад. Ҳамеша ба хона ё пӯчоқи донак, ё мағз, ё донаи биринҷеро кашола карда меовард.
Аммо Майдаяк ин хел набуд. Вай бисёр шӯх буд. Аз хона гурехта, ба ҷойҳои дур мерафт. Бо мӯрчаякони дигар занозаниву часпочаспӣ мекард. Гӯштин мегирифт. Ба хона бисёр вақт бо дасти хушк меомад.
Як рӯз Калонаку Майдаяк аз хонаашон берун баромаданд. Ҳаво гарм ва офтоб баланд буд. Дар ин гуна рӯзҳо кори мӯрчаҳо авҷ мегирад. Онҳо тамоми баҳору тобистону тирамоҳ хӯрок ҷамъ мекунанд, то ки дар зимистон гурусна намонанд.
Майдаяк аз қафои Калонак рафта истода хаёл мекард, ки чӣ тавр карда чашми акаашро хато кунаду гурезад.
Вай бо ҳамин хаёл дар паси санге пинҳон шуд. Аммо Калонак зуд ӯро ёфту аз гарданаш сахтакак пучида гуфт:
– Боз гурехтанӣ ҳастӣ, гарданғафс?
– Не, – гӯён ҷавоб дод Майдаяк паси гарданашро хорида, – ба назарам дар назди санг гандум будагӣ барин намуд.
– Ҳушёр бош, фиребгар! – гӯён Майдаякро огоҳ кард Калонак, – ин дафъа гурезӣ, то мурданат дошта мезанам!
– Хуб, тавба кардам, – гуфт Майдаяк, – дигар намегурезам.
Аммо худаш боз дар фикри гурехтан буд.
Дар ин вақт аз пеш як мӯрчаи пир баромада монд. Ин мӯрча падари Калонаку Майдаяк буд. Вай як донаи калони биринҷро кашола карда меовард.
– Ҳа, куҷо меравед? – гуфта пурсид ӯ.
– Ба шикор баромадем, дада, – гӯён ҷавоб дод Калонак. – Лекин Майдаякатон гурехтанӣ шуда истодааст.
– Ҳа, ту сарсахтча! – гуфт мӯрчаи пир ва Майдаякро оҳистекак пучида монд. – Дигар нагурез, вагарна модарат танбеҳатро медиҳад!
– Хуб, намегурезам, – боз паси гарданашро хорида ваъда дод Майдаяк.
Мӯрчаи пир ба Калонак нигоҳ карда гуфт:
– Рост бо ҳамин роҳи ман омадагӣ рафтан гиред, дар он ҷо зане биринҷ тоза карда нишастааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё