ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Миртемир. Номи шумоҳо чӣ?
Мо номамонро гуфтем.
– Канӣ, шинед, – гуфт Миртемир, вақте ки мо либосҳоямонро аз нав пӯшидем. ӯ дастурхон андохта гӯшти пухта, ҷурғот, панир ва нони дегӣ оварда монд.
Мо, ки сахт гурусна монда будем, худро ба болои хӯрок партофтем.
...Сел аввали шаб бозистод.
Акаи Миртемир моро то худи дашт гусел карда монд.
Вай бо мо даст дода хайру хуш кард.
Андаке роҳ гашта, ба қафо нигоҳ кардам. Чӯпон ба таёқаш такя карда рост меистод ва қомати баландаш дар пеши пардаи хокистарранги осмон боз ҳам баландтар менамуд. Дар пеши пои ӯ ман саги ӯ – Қароро фарқ кардам.
– Хайр! – гуфтам ман бо овози баланд, – раҳмат ба шумо!
– Хайр, – шунида шуд дар ҷавоб овози оромонаи чӯпон.
Мо бо дили шод ва қадамҳои бардам роҳ мепаймудем.
Медонистем, ки дар хона моро сарзаниш мекунанд, ҳатто эҳтимол як-ду шаттаи обдор ҳам хӯрем, вале бо вуҷуди он аз чизе хурсанд будем, бе ниҳоят хурсанд будем, ҳарчанд, ки боиси хурсандии худро намефаҳмидем ва бо сухан ифода карда наметавонистем.
Сабаби хурсандии онвақтаи худро ман баъдҳо, хеле калон шуда фаҳмидам.
Ман фаҳмидам, ки барои одам бузургтарин хурсандӣ – бо одами нағз вохӯрдан будааст.
МӮРЧАЯК
Буд, набуд, ду мӯрчаяк буд. Ҳар дуяш ҳам як хел, ду қатра об барин. Номи яктааш Калонаку номи дигараш Майдаяк.
Калонак бисёр боақлу вазнин буд. Вай худашро ба падараш монанд карданӣ мешуд. Худи падараш барин мӯйлабчаҳояшро оҳиста, савлат катӣ меҷунбонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё