ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Як хоби гароне моро пахш мекард...
Ногоҳ аз дур садое ба гӯш расид. Ман фикр кардам, ки фиреб хӯрдаам ва ҳеҷ гуна садое набуд. Охир, дар ин кӯҳсори беодам кӣ моро суроғ мекунад? Ҳеҷ кас... - Аммо садо боз такрор ёфт. Ман дигар шубҳа надоштам: ин садои аккоси саг буд!
– Юсуф! – аз шодӣ ба куртаам нағунҷида дод задам ман. – Юсуфҷон, шунидӣ?
Юсуф фарёд кард:
– Ҳо-ҳо-ҳо-о-ой!
Ин буд, ки аз паси пардаи сел якбора қомати баланди чӯпон намоён шуд. Ӯ аз болои ҷомааш плаши брезентӣ пӯшида, таёқашро асо карда гирифта буд. Лаҳзае нагузашта, дар назди ӯ сагаш ҳам пайдо шуда монд. Ин ҳамон саг буд, ки пагоҳӣ моро хеле ба ваҳм андохта буд.
Чӯпон муддате ба мо нигоҳ карда истоду баъд аз миёнаш флягаи ҳарбиро кушода, ба сарпӯши он як чизи обакӣ рехт ва бар ҳар кадоми мо як-як нӯшонд. Ман ҳис кардам, ки даҳонамро як чизи талхе сӯзонда гузашт ва ҳамон дам дар баданам ҷон давид.
Чӯпон флягаро боз ба миёнаш баста, ифодаи ҷиддии рӯяшро дигар накарда гуфт:
– Рафтем, – ва қафо гашта, роҳ сар кард.
Чӯпон бо як роҳи наздик ва қулае, ки аз пеши теғаи кӯҳ мегузашт, моро зуд ба авулаш расонд.
Дар миёнҷои авул, дар манқал оташи калоне барафрӯхта шуда буд.
– Либосатонро хушк кунед, – гуфт чӯпон ба манқал ишора намуда ва худаш боз берун рафт.
Мо либос хушк мекардем, ки ёрдамчии ӯ, ҳамон бачае, ки пагоҳӣ маска ҷудо мекард, ба авул даромад...
– Хуб боб шудед? – гуфт ӯ хандида... – Хуб тарсидед?
– Он қадар не, – сурх шуда ҷавоб дод Юсуф.
– Лекин мо хуб тарсидем, – гуфт бача.
– Аз чӣ? – пурсидам ман.
– Ба шумо ягон ҳодиса нашавад гуфта тарсидем-да.
Акаам бисёр пушаймон шуд, ки чаро шумоҳоро аз роҳ нагардондааст.
– Номи ту чӣ? – пурсид Юсуф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё