ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Шамол гӯё аз раъду барқ мадори нав гирифта буд, ки бо қувваи даҳчанд омада, моро ба поён тела дод. Ман ғелида бар болои Юсуф афтодам.
Гулдурр! Гулдурр! Боз даҳшатноктар садо дод раъд ва ҳанӯз гулдурроси он ором нашуда, барқи каҷу килеби сершохае осмонро чанд пора карда, дар бадани абрҳо ғӯтида рафт. Гӯшам баста шуда, чашмам сиёҳӣ мезад.
Юсуф аз дастам гирифта, маро боло кашола кард.
Ногоҳ аз зери поям як чизи калони мулоиме баромада рафт. Он чиз чунон зуд дар торикӣ ғайб зад, ки ман ҳатто сиёҳии онро дида натавонистам.
– Юсуф! – бо тарс фарёд кашидам ман, аммо шамол омада, фарёди маро гашта ба даҳонам зад ва ҳамон замон бар болои пешониам як қатраи калони об афтид.
Сел сар шуд.
Дақиқае нагузашта мо сар то по шип-шилта тар шудем.
– Ҳошим! – фарёд кард Юсуф дар зери гӯши ман. – Ба таги ана он харсанг рафтан даркор! Набошад, сел рӯфта мебарад!
Ягон даҳ қадам чаптар аз мо як харсанги калоне воқеъ шуда буд, ки дар таги он ду-се кас пинҳон шуда метавонист. Бо як азоб худро ба паноҳи харсанг расонидем, аммо дар ҳамин ҷо ҳам аз сел халосӣ набуд. Об аз болои харсанг шорида рост ба сари мо мерехт.
Шарроси сел то рафт зӯр мешуд. Ногоҳ дар болои сарамон чизе баланд тараққос зад ва ҳамон дам аз боло як тӯда санги калон-калон афтида, ба поён ғелида рафт. Сел ва шамол як шуда сангҳои амонатро аз ҷояшон канда мепартофтанд. Хайрият, Юсуф ин харсангро дида монд, мегуфтам дар дилам, агар ҳозир дар поён мешудем, аз сад ҷонамон як ҷонамо ҳам саломат намемонд!
Сел то рафт калон мешуд, тарақо-туруқи сангҳо низ бештар мегардид.
Мо тамоман тар шуда будем ва аз намӣ дир-дир меларзидем. Дасту поямон карахт мешуданд.
Намедонам, ин аҳвол чӣ қадар давом кард. Мо ҳар ду беҳол шуда ба якдигар такякунон оҳиста-оҳиста пинак мерафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё