Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр аз ҷое ба ҷое давида болои кӯҳ баромадем ва дар он тарафи кӯҳ ҳам хеле поён фаромадем.
– Бас! – гуфт дар охир Юсуф, – халтаи ман пур шуд.
– Азони ман ҳам пур. Чӣ кор мекунем? Бармегардем?
– Майлаш, – гуфт Юсуф, – дигар дар ин ҷо чӣ кор мекардем? Лекин як авқот карда мегирифтем, нағз мешуд.
Бин, ана дар он ҷо чашма будааст, ҷои боб.
Ман ба бағали кӯҳ нигоҳ карда, маҷнунбедеро дидам, ки аз харсанги зери он об баромада, як ҳавзчаи хурде ба вуҷуд оварда буд.
Дар сари чашма хеле нишаста мондем. Аввал нонамонро ба оби софи чашма тар карда хӯрдем. Сонӣ аз пӯсти навдаи бед нова дуруст карда, дар чанд ҷои роҳи об шаршара сохтем. Баъд аз ин «кор» монда шуда, дар сояи зери бед чақ-чақ карда нишастем.
Ман гуфтам, ки одам дар ҳамин ҷо хона андозад, нағз мешавад. Юсуф гуфт, ки кас дар ин ҷо даррав зиқ мемонад. Баъд, дар ин ҷо бозор нест, кас чӣ хел карда зиндагонӣ мекунад? Ман эътироз карда гуфтам, ки бо шикор ҳам рӯз гузаронидан мумкин аст. Юсуф гуфт, ки агар милтиқ медоштем, хуб кабк шикор мекардем.
Ин буд, ки шамоли сусте ба вазидан даромад.
Ман ба осмон нигоҳ кардам. Осмонро абри сип-сиёҳ фаро гирифта буд.
– Ҳаво торик шудагӣ барин-а, Юсуф?
Ҳар ду беихтиёр аз ҷойҳоямон ҷаста хестем.
– Наход рӯз бегоҳ шуда бошад? – тааҷҷубам бештар шуда гуфтам ман.
– Рӯз ҳоло барвақт-ку... Лекин сел нашавад мегӯям, – гуфт Юсуф.
Ба диламон ваҳму ҳарос чанг андохт. Агар сел занад, дар ин ҷойҳои ношинос ва беодам ҳоли мо, ҳоли ду бачаи хурдсол чӣ мешавад?
Мо зуд борамонро баста, ба боло ҳаракат кардем. Ҳаво то рафт тира мешуд. Шамол ҳам лаҳза ба лаҳза қувват мегирифт ва моро ақиб тела медод. Боз хеле хунук шуд.
Гулдурр! Гулдурр!- замину замонро ба ларза оварда, чизе дар болои сарамон таркида рафт ва ҳамон дам рӯшноии зӯре чашмамонро хира кард.

пешина
аз 130
навбатӣ