ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Ин гапҳоро мону ба роҳ даро, – гуфтам ман. – Рӯз пешин шуд, охир!
Ягон сад қадам роҳ гашта будем, ки ба лаби як селроҳаи васеъ ва чуқуре расидем ва поён нигоҳ карда дидем, ки дар он канори селроҳа як авули сафед истодаасту дар наздикии он галаи бузу гӯсфанд чарида гаштааст. Дар паси авул бояд дег гузошта бошанд, ки аз он ҷо дуди сафеди борике мебаромад. Дар назди авул як бача тани курта дастаки як асбоби бочкашаклро мегардонд.
– Маска ҷудо карда истодааст, – гуфтам ман.
Ба тарафи гала нигоҳ карда, як шахси сиёҳпӯшро дидем, ки хам шуда шиками гӯсфандеро даст-даст мекард.
– Ҳамон мардак, – гуфт Юсуф.
– Афташ дар гӯр, - рафтем, - Юсуф.
Мо маслиҳат карда, қарор додем, ки ба селроҳа нафуромада, лаб-лаби ҷарӣ равем, то ки боз ба он чӯпон вонахӯрем.
Пайраҳаи мо то рафт борик шуда, кӯҳҳо баландтар ва баландтар мешуданд. Мо ба тамошои гирду атроф ғарқ шуда, чӯпони бадқаҳрро зуд фаромӯш кардем. Беҳад хурсанд будем ва хеле роҳ гашта бошем ҳам, ҳеҷ хастагиро ҳис намекардем. Кӯҳсор бошад, дар пеши назари мо манзараҳои нав ба нави аз якдигар зеботарро мекушод...
Танҳо ҳаминаш буд, ки паррандагон дигар хониш намекарданд, пашшае пар намезад, хомӯшии сахте ҳукмфармо буд.
– Лола! – хитоб кард ногоҳ Юсуф ба сӯи бағалаи кӯҳе давида. (Вай бо вуҷуди хирагии чашмаш ҳамеша ҳар чизро аз ман пештар медид, ки ин хислати ӯ маро бисёр ҳайрон мекард).
Ҳоҷати гап нест, ки лолаи нахустин насиби Юсуф гардид. Ман, ки бо хеле ҳасад дар халтаи Юсуф ғоиб шудани лоларо тамошо мекардам, ногоҳ ба рӯи худ нигоҳ карда, як лолаи калону зеборо дидам ва бо фарёди музаффарона ба сӯяш тохтам. Ин буд, ки Юсуф ба фарёди:
«Ана, боз лола!» ба сӯи дигаре давид. Ман бар болои сарам нигоҳ карда боз як тӯда лоларо дидам, дар як ҷо ғуҷ раста буду қолини сурхи бузургеро ба хотир меовард.
– Юсуф, ин тараф дав, ман конашро ёфтам! – гӯён боло давидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё