Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саг дум ҷунбонда, ором шуд.
Мо аз саг чашм канда, дар паҳлӯи худ як марди қадбаландеро дидем, ки дар даст таёқи дарози нӯгкаҷе дошт.
Дар сараш телпаки қирғизӣ. Миёни ҷомаи сиёҳи дарозаш бо тасмаи паҳни командирӣ баста шудагӣ. Аз таки ҷома гиребони гимнастёркаи хокиранг менамояд. Аз паси китфаш нӯки милтиқи шикорӣ баромада меистод. Рӯяш дар офтоб сӯхта, сиёҳча метофт. Чашмони танги бодомиаш ба мо беилтифотона назар мекарданд.
Ин одам, бешубҳа, чӯпон буд.
Ӯ ба мо дуру дароз нигоҳ карда истод. Ҳеҷ гап намезад.
– Чӣ кор мекунед дар ин ҷо? – гуфт дар охир бо овози ғафсаш. Ӯ ба мо бо забони тоҷикӣ гап зад, аммо аз гап заданаш маълум буд, ки худаш тоҷик нест.
Мо чӣ гуфтанамонро надониста, ҳайрон -ҳайрон ба ӯ нигоҳ карда меистодем.
– Чӣ кор мекунед мегӯям, – бо дуруштӣ такрор кард марди милтиқдор. – Чӣ гуфта омадед ба ин ҷоҳо?
«Кӯҳ мулки падарат не-ку! гуфтам ман дар дилам ва якбора шердил шуда, низ бо дуруштӣ ҷавоб додам.
– Ба лолачинӣ омадем!
– Ҳм... лолачинӣ... – зери лаб ғур-ғур кард чӯпон. – Аз даҳонаш бӯи шир меояду ба кӯҳ омадааст! Ягон фалокат шавад, ана баъд мебинед лолачиниро! Қаро! – сагашро ҷеғ зад чӯпон ва ҳамон зери лаб ғур-ғуркунон дар байни алафҳо ғоиб шуда рафт.
– Бадҷаҳл мардак будааст, – арақи рӯи фарбеҳашро пок карда гуфт пас аз фурсате шах шуда истодан Юсуф. – Афташ тоҷик барин не-а?
– Қирғиз бошад даркор, – гуфтам ман.
– Қирғизҳо ҳамаашон ҳамин хел бадҷаҳл мешаванд?
– Не, – гуфтам ман, – дар байни ҳар як халқ яктанимта одами бад ёфт мешавад-да! Як сол дар ҳавлии холаам як оила қирғизҳо иҷора нишаста буданд, бисёр одамони нағз буданд.
Юсуф ногоҳ хандида гуфт:
– Лекин аз сагаш хуб тарсидем-куя, Ҳошим!

пешина
аз 130
навбатӣ