Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо хурсандии мо дер накашид. Ягон сад қадами дигар роҳ гашта будем, ки ногоҳ аз кадом гӯр як саги калони бадвоҳимае пайдо шуда монд. Саг дандонҳояшро гиз карда ғурросзанон ба сари роҳ баромад ва бо овози хирриаш ак-аккунон ба сӯи мо давид.
Чашмони сагро суп-сурх хун пахш карда буд. Мӯйҳои хокистаррангаш сих хеста буданд. Ҳар як пояш дасти одами калонсол барин ғафс буд. Дандонҳояш дароздароз, забонаш суп-сурх... Хайрият, гӯшҳояш буридагӣ буданд, вагарна мо ӯро гург мегуфтем.
Бо гӯшаи чашм оҳиста ба Юсуф нигоҳ кардам. Ранги рӯи ӯ сап-сафед канда, дар болои лабаш донаҳои калонкалони арақ пайдо шуда буданд. Вай чашмони сиёҳи бузургшудаи худро аз саг канда наметавонист.
– Санг меғурронем, – гуфтам ман пичиррос зада.
– Мабодо ин номаъқулиро кунӣ, ки хом мехӯрад, – низ пичиррос зада гуфт Юсуф. – Хап истодан гир. Рост ба чашмаш нигоҳ кун, метарсад.
– Наметарсад...
– Аҳмақ, ба гапи одам гӯш кун! – гуфт боз Юсуф.
Намедонам, гапи Юсуф ҷон доштааст магар, ки саг аз мо ягон панҷ қадам дуртар омада таққӣ дар ҷояш истод.
Бо тааҷҷуб дидем, ки мӯйҳояш ҳам сих нахеста будаанду дандонҳояш ҳам дандони саги оддӣ барин будааст. Саг ҳатто бехашму ғазаб, гӯё моро назараш нагирифта аккос мезад.
Дилам андаке ба ҷояш омад.
Оҳиста аз кисаам бурдаи нонро бароварда, ба саг дароз кардам.
– Маҳ. Йӯлбарс, маҳ!
Аммо саг ногоҳ ғуррос зада, бо пойҳои пешаш заминро ханҷол кард ва баланд-баланд аккос задан гирифт.
Ҳар дам, гӯё ҳамла карданӣ шуда, пеш меомад. Ҳис кардам, ки аз тарс зонуҳоям ба ларза даромаданд.
– Наҷунб нагуфтам ман, наҷунб! – фашшос зада гуфт Юсуф.
Саг беш аз пеш хашмгин мешуд...
Намедонам, ин ҳолат чӣ қадар давом кард: эҳтимол аз панҷ дақиқа зиёд набошад, лекин ба назари ман як соли дуру дароз барин намуд.

пешина
аз 130
навбатӣ