ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар пеши пои Юсуф пату пар, дил ва почаҳои нозуки кадом паррандае паҳну парешон хобида буданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо қатраҳои хуни шахшуда намоён буданд.
– Бечора... – гуфтам ман.
– Каҳлик бошад даркор, – тахмин кард Юсуф.
– Ҳо, кабк барин...
– Рӯбоҳ хӯрдагист...
– Ё гург...
– Дар ин ҷо гург намешавад, – гумони маро рад карда гуфт Юсуф.
– Балки будагист, – эътироз карданӣ шудам ман.
– Агар гург мешуд, дилаш он тараф истад, нохунашро ҳам тоза хӯрда мемонд. Ин – кори рӯбоҳ...
Баъд аз ин мо хеле вақт хомӯшона қадам задем.
Қисмати кабки бечора ба мо сахт таъсир карда буд. Балки бача доштагист ва кабкбачаҳои бепушту паноҳ ба модарашон интизор будагистанд, гурусна мондагистанд...
– Дар табиат ҳамеша муборизаи беамон давом дорад,
– айнан, монанди муаллими дарси ботаника гап зада гуфт ногоҳ Юсуф.
Мо беихтиёр хандида фиристодем ва дере нагузашта манзараи ҳузнангез аз ёдамон баромада рафту мо боз ба хандаву шӯхӣ сар кардем.
Дашт дар оқиб монд ва мо ба мобайни деворҳои баланди кӯҳсор даромадем. Шамол якбора ором шуда монд, танҳо аз боло, аз қуллаи кӯҳҳо шаввоси сусти он ба гӯш мерасид.
Хониши паррандагон ва фаррос зада паридани кабкон шунида мешуд. Алафи кӯҳ аз алафи дашт хеле баланд буда, пойҳоямонро то ба зону аз шабнам тар мекард.
Пуштаҳои сабзи дилфиреб, ки паси ҳам дар пеши назари мо падидор мешуданд, дилҳои моро ба сӯи худ мекашиданд. Ҳавои ин ҷо ҳам дигар хел, софу беғубор буд ва кас бо ҳаловат нафас мегирифт.
Манзараи кӯҳсор чунон зебо ва гуворо буд, ки мо беихтиёр дар ҷоямон нстода мондем.
– Чангу тӯфаланги шаҳрро хӯрда гашта будем-да? – гуфтам ман ва бо хурсандӣ фарёд кардам: – Рафтем. Юсуфҷон, рафтем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё