ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ба осмон нигоҳ карда, аз остини Юсуф кашидам.
– Юсуф, ҳаворо бин, абр.
Юсуф ҳам бо диққат ба осмон нигоҳ карда гуфт:
– Ҳаво ганда... Чӣ кор мекунем, рафтан мегирем?
– Надонам... – гуфтам ман.
– Ҳар чӣ ҳам бошад, мо бачагони хурд будем, акнун ба ёздаҳ-дувоздаҳ қадам монда будем ва дар шаҳр калон шуда, чӣ будани селу туманро дуруст намедонистему аз ғурроси раъд ва ҷасту хези барқ ба ваҳм меафтодем.
– Гашта равем ҳам мешавад-ку, Ҳошим, лекин обрӯ мерезад-да, – монанди одамони солхӯрда гап зада гуфт Юсуф, ки аз ман як сол калон буда, баъзан ба ман гӯё панду насиҳат мехонд. – Баъд бачаҳо масхара мекунанд, ки «фалониҳо тарсончак».
– Ҳамин ҳаво ҳам! – бо ҳасрат хитоб кардам ман. – Омада-омада, ҳамин рӯз қавоқу димоғ мекунад. Қасд кардагӣ барин!
Юсуф чашмони калон-калони наздикбинашро ба осмон дӯхта гуфт:
– Зоро кушода шавад?
– Э, Юсуф! – бепарвоёна даст афшонда гуфтам ман. – Биё, рафтан мегирем, гург намехӯрдагист, охир!
Юсуф, ки ҳанӯз чашм аз осмон намеканд, хеле вақт фикр карда истоду оҳиста гуфт:
– Ба ягон рӯзи дигар мононем-чӣ, Ҳошим?
– Қанд занед, Муллоюсуф! – бо истеҳза гуфтам ман. – Тарсидам гӯй!
– Чӣ? Ман тарсидам? – гӯён гашта ба ман нигоҳ кард Юсуф. – Рафтем набошад!
Дашт то рафт сералаф шуда, қади майсаҳо баланд мегашт. Лолақазоқ хирман-хирман гул карда буд. Ба димоғамон бӯи хуши гули шибоғ ва боз ким-чӣ гуна гулҳои дигар мерасид. Аз зери поямон гоҳ малахе ба ҳаво мепарид, гоҳ калтакалосе, ки пӯсти баданаш ҳамранги санг буд, ширрос зада мегурехт.
– Ӯҳ! – беихтиёр нидо кард баногоҳ Юсуф. – Ина бина, Ҳошим...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё