ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аммо натанҳо ин. Ман ҳис мекардам, ки ҷавобе ки ҳозир мегӯям, ба худам низ дахл дорад. Мефаҳмидам, ки гӯё дар пеши ду роҳ истодам: яке роҳи Абдулатиф, Одилмагазинчӣ ва ин Султоналихон, дигаре роҳи Шокиртароша, Қосимҷон, чӯраам Карим.
Ман мебоист аз ду роҳ якеро интихоб кунам.
с. 1954 – 1958.
Ҳ И К О Я Ҳ О
ЛОЛАЧИНӢ
Агар шумо Ленинободи моро дида бошед, бояд нағз донед, ки аз тарафи шимол шаҳрро дарёи Сир давр зада мегузарад ва аз он канори дарё, аз худи лаби об дашти санглохе сар мешавад, ки хеле паҳновар буда, рафтарафта дар таки кӯҳи Муғул ба охир мерасад.
Кӯҳи Муғул на пирях дорад ва на шаршараҳои пурғулғула, на бешазор дорад ва на сайди дурусте. Аммо баҳорон, ки ҳама ҷоро сабза пӯшида, ҳазор ранг гул мешукуфад, кӯҳ хеле серодам мешавад. Аксари «сайёҳон» аз бачагони шаҳр иборат мешавад, ки онҳо аввал барои бойчечак, баъд аз чанд рӯз барои лолаи сурх ва сонӣ барои ревоҷ (чукурӣ) кӯҳбароӣ мекунанд.
Аз ин чанд сол пеш, дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи апрел ман ва ҷӯраи ман Юсуф маслиҳат кардем, ки ба ҳамин кӯҳи Муғӯл ба лолачинӣ равем.
Як рӯз пеш тайёриамонро дида, рӯзи дигар ҳанӯз офтоб сурхӣ накарда ба роҳ баромадем.
Ба лаби дарё расида, шишаҳоро аз об пур кардем ва аз кӯпрук гузашта ба дашт баромадем.
Шамоли саҳарӣ мевазид.
– Ҳаво хунук анча, – ларзида гуфтам ман.
– Офтоб барояд, гарм мешавад, – гуфт Юсуфи сергӯшт, ки ҳатто тугмаи камзӯлашро нагузаронида буд.
Ман беихтиёр ба фарбеҳии ҷӯраам ҳасад бурда, ба шиками ӯ тап-тап зада гуфтам:
– Қорӣ Ишкамба!
– Чӯби қоқ! – ҷавоб гардонд Юсуф ва қадамашро суст накарда, бо китфаш маро тела дод.
Ман ҳам, гапи будагӣ, қарздор шуда намондам ва мо дигар тамоми дунёро фаромӯш карда, ба ҳаёҳу ва хандаву қаҳқаҳа сар кардем ба «хурӯсҷанг».
– Бас! – ҳашшосзанон гуфт дар охир Юсуф ва арақи сару рӯяшро пок карда илова намуд: – Акнун гарм шудӣ?
Аммо дере нагузашта, ман боз хунук хӯрдам. Шамол торафт сахт мешуд ва кайҳо рӯзи калон шуда бошад ҳам, аз офтоб ҳеҷ дарак набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё