Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Коратро дониста кунӣ намешуд? Акнун минбаъд аз Калонак дур нашав! Фаҳмидӣ?
– Дигар намекунам гӯй! – гуфт модари Майдаяк.
Майдаяк гапҳои бобояшро нағз фаҳмида буд. Аз кардааш худаш ҳам пушаймон буд. Аммо ба иқрор шудан гарданаш ёрӣ намедод, шарм медошт.
Вай бардурӯғ «Э вой дастакам!» гӯён рӯяшро ба тарафи девор гардонд.

ДУХТАР

Гавҳар дар ҳавлии ҳамсоя бо дугонаҳояш бозӣ карда гашта буд, ки модараш ӯро ҷеғ зад.
– Саломат-апаат омадагӣ, – гуфт модараш, вақте ки Гавҳар аз даричаи девор гузашта омад. – Чӣ? Духтари бобот-дия.
– Ҳа-ҳа... – гуфта монд Гавҳар.
Саломат-апа, духтари пирамарди ҳамсоя омадааст!
Пирамард, ки аз кор монда, дар хоначаи гӯшаи ҳавлии Гавҳарино меистод, чанд рӯз пеш аз ин вафот кард буд.
Вай, ки худаш танҳо зиндагӣ мекард, Гавҳарро фарзанди худаш барин дӯст медошт ва Гавҳар ҳам ӯро ба ҷои бобои худ медонист.
– Ту ҳозир рафта ба вай гӯри боботро нишон медиҳӣ, – давом дод модари Гавҳар, – худаш намедонад. Куртаатро дуруст кун. Биё, – ва дари хонаро кушод. – Мана.
Саломат-апа, ин бурда нишон медиҳад, – ба пешгаҳи хона нигоҳ карда гуфт ӯ.
Гавҳар аз остона ба дарун қадам монда, дар таги сӯзании девор, дар рӯи кӯрпача як зани сафедрӯи чашму абрӯсиёҳро дид, ки вақти «биё, укоҷон» гуфтан дандонҳои тиллояш йилтас зада монд.
Баъд Гавҳарро аз пешонааш бӯсида, зан «хайр, набошад мо равем» гӯён аз ҷояш хеста, аз пеши каравот сумкаи зарди калонро гирифт ва Саломат-апа пеш-пешу Гавҳар аз қафо ҳар ду ба кӯча баромаданд.
Гавҳар аз Саломат-апа ягон ним қадам ақиб монда роҳ мерафту ҳар он ба сару либоси ин зани қоматбаланди хушрӯ дуздида нигоҳ мекард.

пешина
аз 130
навбатӣ