МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мувофиқи ваъда ҳамин шабу рўз як дастаи мусаллаҳ аз дарё гузашта, ба хизмати мо ҳозир мешавад. – Вай ришашро нарм молида, андак сукут кард ва баъд фарфар илова намуд: – Ин лутф фақат барои шумо. Ва боз барои он ки дина ба куффор мардона ҷангидед; хеле талаф ҳам додед.
– Миннатдорам.
– Се рўз дар Сияҳбед интизор шавед. То даме ки ман гуфтаамро мефиристам...
– Ба чашм!
– Дигар… вазифаатон маълум. Ҳар қадар тавонед, одам ҷамъ кунед, аспу улав ғундоред, тозед, сўзед, кушед!
– Аз дастам ояд...
– Меояд – гап дар хоҳиш, дар ҷаҳду ҷадал!
Иброҳимбек аз нав хомўш монда, ба рўи Усмон Азиз, ки ҳамон рост меистод, назари озмоиш дўхт ва як нафаси чуқур кашида, ин дафъа ба овози бисёр мулоим гуфт:
– Ба он тарафаш – дар куҷо вомехўрем, чӣ кор мекунем…
шуморо ёфта, ҳатман хабар мерасонанд.
– Банда дар ёд медорам.
– Хайр, ба паноҳи худо!
Усмон Азиз дар нимтаъзим аз хайма берун шуд ва аз он ду сарбози дарбон маузерашро гирифта, аз таки ҷома ба миён басту тез-тез қадам партофта, ба самти аспаш рафт. Ҷонвар, лаҷомаш дар дасти Қурбон, яқин беқарор гардида, сабук пой мекўфт. Усмон Азиз, ки пас аз гуфтугў ба Иброҳимбек дилаш дар ёди Нилу беш аз пеш тапида, гўё болу пар мебаровард, ба сиёҳмушкин наздик шуда, ёли базебу гардани дароз ва буни гўшҳои ҳассоси он безабонро сила кард. Баъд худро дар хонаи зин гирифта:
– Рафтем! – гуфт ба Қурбон, ки низ ҳоло савори асп буд.
Ва худи ҳамон бегоҳ дар мутобиати ҳашт нафари ҳанўз зинда, вале норизо ва асабӣ ба роҳ даромада, қариби субҳ ба Сияҳбед расид.
Акнун вай ана...
Дар таки ин камар нишаста, аз тақдири бадаш андеша мекунад. Аз ҳашт кас имрўз танҳо ду ҳамнавард ба ў мондаанд. Якеро сари ҷаҳл паронд – ҷояш ҷаннат шавад, дили парешон дошт Ҷалол, – панҷ нафари дигарро хона ба хона ҷавоб дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё