МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва хуб кард, ки ҷавоб дод. Чунки вай, Усмон Азиз, ҳоло нағз медонад: аз ин тохтутозе ки Иброҳимбек пеш гирифтааст, ҳеҷ фоида нест. Ў фақат гарданашро мешиканаду бас. Тири ҳомиёнаш ҳам бешубҳа хок мехўрад.
Наход онҳо нафаҳманд, ки решаи ҳукумати шўро ба ҳафт қабати замин расидааст. Ва халқ ҳама тарафдори ин қудрату салтанат. Боз... акнун соли бистум не, соли сиву як! Дар муддати ёздаҳ сол кўдаки хокбоз марди базану фарзанд мешавад. Дар ин фосила одамон албатта дар бораи ҳаёти худ, дар хусуси ҳукумати нав фикр карда, ба як хулоса омадаанд, ки онҳоро дар куҷое бинанд, нафраташонро пинҳон дошта наметавонанд, зуд сангу калтак мебардоранд; ё гурўҳгурўҳ шуда, ба таъқиби босмачӣ мебароянд; дар сафи аскарони сурх дохил гардида, ба даст силоҳ мегиранд...
Наход Иброҳимбеки аслан пухта ин паҳлуи вазъиятро намедониста бошад?
Медонад, ҳеҷ мумкин нест, ки надонад. Ва сареҳ медонист ҳам; аммо дар қатори чанд каллабур баъзе ҷавонони бегуноҳу якта-нимта раҳгумзадаро низ ба гирдоби моҷарои худ кашида, имрўз боиси хунрезиҳои қариб беасос мешавад. Пару паташро хеле канда бошанд ҳам, аз аспи савлат намефурояд лаънатӣ! Ҳоло умеди бисёр дорад, то кунун аз зарқи сарвату ҳашмат берун нарафтааст. Аз ин рў ба оҳанги қайсарӣ боз ва боз ҷанг карданӣ.
Ба вай чӣ?
Касбаш ҳамин. Мегўяд, ки мусулмонободӣ мехоҳад вай.
Ба захми зўрӣ, ба иқтидори шамшер; танҳо ба зарби тиру шамшер! Ва дар ин росто то ба мурод нарасад, ё ниҳоят қурбон нашавад, осуда намегардад.
Аммо нақшаҳояш ҳама бесамаранд.
Бале, бесамар, ботил...
Ҳама фиреб, хобу хаёл, сароб...
Сароби хунин!
Пас барои чӣ… охир, барои чӣ вай, Усмон Азиз, ба ҷиҳати ин сароби назардузд омад? Ба тиру туфанги онҳо пул сарф карда, зану фарзандонашро дар ғарибӣ монда, дар дашту даман азоб дида...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё