МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бинобар ин ман қарор додам, ки ҳар як қўрбошӣ, ҳар як саркарда дастаи худро гирифта, ба тарафҳои зодгоҳаш, ё дигар ҷойҳои дар дилаш муносиб рафта, то метавонад, ба ғаним паёпай зарба занад. Ин аз се ҷиҳат фоида дорад. Аввало, вақте ки мо ба гурўҳҳои хурд-хурд тақсим мешавем, душман ҳам зўру тавонашро маҷбур тақсим мекунад. Сониян, сардори ҳар як даста, агар ақлашро дуруст кор фармояд, метавонад аз ҳар деҳа, ҳеҷ набошад, ду-се нафарро ба тарафи худ кашида, шумораи лашкари исломро афзун гардонад.
Солисан, мо дар натиҷа аз ҳисоби вақт бурд карда, то аз он ҷониб омадани тиру туфанг ва чор-панҷ дастаи ваъдагӣ нафаси озод мегирем.
– Аз дарё чӣ тариқ мегузаранд онҳо? – сухани сард ва аксар пардапўши вай ба дилаш задаву ниҳоят забонаш хорида, пурсид Усмон Азиз. – Осон не... Мегўянд, ки ҳоло аскарони сурх бештар ҳушёр шуда, сарҳадро ваҷаб ба ваҷаб посбонӣ мекунанд...
– Инаш кори мо! – гуфт Иброҳимбек қадре дурушт. – Ҳар кас бояд вазифаи худашро донад. Вазифаи шумо... Албатта фаҳмидагистед?
– Бале, тақсир.
– Агар ғалат накунам, зодбуди ҷанобашон дар пушти кўҳи Чилчароғ. Ҳамин тавр?
– Дуруст, ман аз Нилу...
– Пас дастаатонрро гирифта, ба ҳамон тарафҳо меравед.
Ман буду шуди гапамро гуфтам. Дигараш ба ақлу тадбири худатон вобаста.
Усмон Азиз бархост.
– Воқиан, дар домани кўҳи Чилчароғ Сияҳбед ном деҳаро медонистагистед? – гўё фикре ба сараш омада, аз ҷои нишасташ пурсид Иброҳимбек.
– Ҳа, як деҳаи хурд...
– Дар он деҳаи хурд сарватманди калон зиндагӣ мекунад. Ҳалимбой номи дар гўраш... Шабушкин бошад ҳам, давлати фаровон дорад.
– Ман ўро мешиносам.
– Аз ҷониби мо гўед, ки ба шумо се-чор рўз сарпаноҳ диҳад. Ман дар ин муддат ба Сияҳбед камтар тиру туфанг ва аз рўи будаш чанд сарбоз мефиристам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё