Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Навҷўии маорифпарварон аз гузашта ҷудо набуд ва тозагиҳоеро, ки аз сўи Аврупо меомад, бо анъанаҳои устувори миллӣ ба таври табиъӣ созгор овардан ба онҳо бештар муяссар шуд.
Мо ба ин табиъияти робитаҳои доманадор, ба синтези табиъии шарқиву ғарбӣ имрўз бештар эҳтиёҷ дорем, то ки баъзе норасоиҳое, ки дар замони шўравӣ дар робитаҳои шарқию ғарбӣ руй дод, ба хусус як дараҷа канда шудани мо аз оғозгоҳҳои ҳастии худ бартараф гардад.
Мулоқоти мо бо ҷадидон табиъияти идомаи моро аз дирўзу парирўз ба сўи фардо амиқтар хоҳад бурд.

АЗИЗИ МАН, ХУРОСОН АСТ ИН ҶО

1

20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шўҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи «форсӣ»
фурўгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем. Вай ва баъзе касони дигар гумон доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад.
Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳони» вай ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рўз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.
Ин қарори Шўрои Олӣ чунин маънӣ дорад, ки лозим аст дар «Қонуни забон» низ ин гуна дигаргуние дохил гардад. Дар он санаде, ки Шурои Олӣ соли 1989 ба унвони «Қонуни забон» қабул карда буд, низ моддаи якум эълом доштааст, ки «забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Азбаски Қонуни асосӣ болотар аз Қонуни забон аст ва Қонуни забон бояд ба Қонуни асосӣ созгор бошад, лозим меояд, ки аз Қонуни забон ҳам калимаи «форсӣ» партофта шавад.

пешина
аз 351
навбатӣ