Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он гоҳ талошу муборизаҳое, ки равшанфикрони тоҷик солҳои 1988-1989 дар роҳи барқарории ҳуқуқи забони форсии тоҷикӣ ва номи таърихии он карданд, қисман ба ҳадар хоҳад рафт. Мо ба Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон поинтар таваққуф хоҳем кард.
Дар иҷлосияи Шўрои Олии Точикистон аз таркиби номи забони тоҷикони Осиёи Миёна фурўгузор шудани вожаи «форсӣ»
нишон медиҳад, ки аксарияти кулли намояндагони халқ (ҳамаи онҳое, ки барои ин қарор овоз доданд) аз сарманзили худшиносии таърихиву фарҳангӣ фарсахҳо дуранд. Дар ҳақиқат на танҳо ин вакилон, балки бисёре аз тоҷикони Осиёи Миёна ҳанўз чандон намедонанд, ки худ кистанд, халқашон чи халқест, забону фарҳангашон аз куҷоҳо сарчашма гирифтааст, чи хусусияту вежагиҳо дорад ва имрўз ба кадом сў бояд биравад. Баъзе зиёъиён ҳам дар ин масъалаҳо тасаввури равшан ва мушаххас кам доранд.
Як ҳадафи сиёсати миллии импиротурии шўравӣ миллиятзудоӣ буд. Мехостанд, ки халқҳои мустамлика аз хусусиятҳои миллии худ, аз фарҳанг, забон ва ғайра маҳрум шаванд, худогоҳии миллӣ то ҳадди имкон кунд бошад, шинохти худ яктарафа ва маҳдуд, ноқису номукаммал бимонад, аз доираи идеологияи шўравӣ берун наравад. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёде, ки шароити таърихӣ, шароити мустамлика пеш оварда буд, Садриддини Айнӣ бо асарҳои адабӣ ва пажўҳиши илмӣ бисёр ҷаҳду ҷадал кард, ки худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна ба роҳи дуруст дарояд, худшиносии иҷтимоъиву фарҳангии онҳо мутобиқи воқеияти таърихӣ ё наздик ба он сурат бигирад. Фаъолияти донишмандоне чун академик Бобоҷон Ғафуров низ чунин мақсад дошт ва пажуҳишҳои ў дар таърихи Осиёи Миёна, ба хусус китоби ў «Тоҷикон» (1972) барои ташаккули ёди таърихии мардуми мо басо пуртаъсир буд. Нависандагоне монанди Сотими Улуғзода, хусусан намоишномаҳои таърихии ў низ дар ҳамин роҳ хидмат кардаанд.

пешина
аз 351
навбатӣ