Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Албатта масъалаи инсонгароии омўзиш ва инсонӣ шудани ҷомеаро набояд одӣ фаҳмид. Набояд гумон кард, ки ҳар кас андак илми одамият омўзад, одам хоҳад шуд. Не, ҳаргиз беҳуда нест, ки гуфтаанд: Олим шудан чи осон, одам шудан чи душвор! Мумкин аст, ки касоне таълими илми инсонӣ бисёр бинанд, вале фарсахҳо дур аз инсоният бимонанд. Аз қадим маълум буд, ки «тарбият яксон асту табоеъ мухталиф» (Саъдӣ). Таълиму тарбия ба ҳар кас ба навъе дигар амал мекунад, ба баъзҳо таъсир надорад. Бо вуҷуди инҳо бояд бидонем, ки одам шудан душвор бошад ҳам, ба ҳар ҳоле имконпазир аст. Ҷомеа ва давлат бояд ба ҳар ҳоле барои одам шудани одамон шароит омода созад. Ҷомеаи мутамаддин, ҷомеае, ки инсонро азиз медорад, зотан ва табиатан барои нашъу нумўи сифатҳои инсонии одамизод мусоидат мекунад. Пас чунин ҷомеае бояд бунёд ниҳем ва бунёдгузории онро имрўз шурўъ кунем, ба фардо нагузорем, зеро одам шудани одамро ба фардо наметавон гузошт. Дар душвортарин даврони бўҳрони иқтисодӣ ҳам барои мактабу маориф, илму фарҳанг, адабиёту санъат ва забон имкониятҳои моддию молӣ ёфтан лозим аст.
Мо бояд ҷомеае бар по кунем, ки маорифпарварон орзу доштанд. Иҷрои ин вазифаи таърихӣ бидуни рў овардан ба мероси бузургони гузашта, бидуни бозгашт ба оғозгоҳҳои фарҳанги миллӣ имкон нахоҳад дошт. Агар бозгашт ба саргаҳу сарчашмаҳои маънавии худ шарти ҳатмии инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик ва ба паҳнои ҷаҳони имрўз баромадани он аст, ин бозгашт, ба ақидаи камина, бояд аз фарогирии мероси маорифпарварон сар шавад, ки онҳо чунонки дидем, таҷрибаи гузаштагонро то андозае ҷамъбаст карда, ба сўи фардо, аз ҷумла ба сўи имрўзи мо роҳ меҷустанд. Онҳо аз аввали садаи бист ба сўи мо мешитофтанд, мо аз оғози садаи бисту як ба пешвози онҳо оғўш бояд кушоем. Ин мулоқот муяссар шавад,

расидани мо ба оғозгоҳҳои маънавӣ осонтар хоҳад шуд ва мо инкишофи фарҳангиву маънавии чандин асрро ба таври табиӣ идома хоҳем дод.

пешина
аз 351
навбатӣ