Хуросон аст ин ҷо

Ин ҳақиқат дар асри Сомониён амиқан дарк шуда буд ва аз ҷумла Дақиқӣ дар ҳаққи қаҳрамонаш гуфтааст:
Чунон поктан буду покизаҷон,
Ки будӣ бар ў ошкоро ниҳон.
Чунонки мебинем, ниҳояти покдиливу поктанӣ умдатарин шарти пай бурдан ба асрори ниҳон аст, шарти донишмандию тадбиркорист. Ҳамабинии ақл аз дили софу тани пок оғоз мегирад.
Агар покҷониву покдилӣ, ҳатто поктанӣ набошад, аз пай бурдан ба асрори ҷаҳон, аз растагорӣ умед набояд кард. Яъне сифатҳои ахлоқӣ ва қобилияти ақлӣ сахт ҳамбастаи якдигаранд, бидуни якдигар вуҷуд надоранд, яке аз дигаре ба бор меоянд. Ба ҳам омадани ин ду ҷанба - ҷанбаи ахлоқӣ ва ақлӣ аз шартҳои асосии маънавият аст. Маънавият дараҷаи баланди тасаввуротест, ки дар бораи сифатҳои нек ва ақлу хирад дорем, ин тасаввуротро бениҳоят амиқ бурда ва такмил дода, аз шахсият ба ҷамъият мегузаронад, ба онҳо мазмуни умумӣ ва иҷтимоъӣ медиҳад. Он гоҳ ин мафҳумҳо ба хидмати атрофиёни шахс, ба хидмати ҷомеа медароянд ва мафҳумҳое аз қабили навъдўстӣ пайдо мешавад, ки хайрхоҳиву фидокорӣ барои дигарон аст, вале маърифати беғаразона ва эҷодкории илҳомомез низ аз пай меорад. Ҷомеа ва миллат бо ҳаминҳо пойдор аст. Растагории он ҳар дафъа аз ҳаминҳо мерасад.
Имрўз дар охири садаи бист, ки орзуманди эҳёи миллӣ ҳастем, бояд бидонем, ки эҳё бидуни шукуфти маънавӣ ба тасаввур намеояд. Эҳёи миллат танҳо эҳёи маънавӣ метавонад буд, ки ҳама ҷанбаҳои дигари ҳастӣ тобеъи онанд. Чунончи таърих аз аҳди Сомониён гувоҳӣ медиҳад, эҳё болидани табъи миллат, парвози баланди тахайюл ва кўшоии ақлу заковати инсон, ҷилои арзишҳои маънавист. Имрўз тоҷиконро боз зарурати парвози маънавӣ ва эҳёи даврони Сомониён, эҳёи даврони меҳвар пеш омадааст. Ин эҳёро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё