Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

маънои зоҳирии сухан набояд фаҳмид, зеро бозгашти маҳз ба қарни 10 ва ё ба замони дуву ним ҳазор сол пеш нахоҳад буд. Эҳё баргаштан ба асли инсонӣ ва маънавии худ, дубора расидан ба моҳияти худ ва тоза шудан аз чангу ғуборест, ки моҳияти одамиро рўпўш кардааст. Бешак мазмуну шаклҳои ин бозгашт имрўзӣ хоҳад буд ва фардову пасфардоро дар назар хоҳад дошт. Мақсади он умри дубора ёфтан, расидан ба зиндагии ҳақиқии инсонӣ, қадам задан баробари миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон аст. Миллате, ки аз ҷумлаи «халқҳои меҳвар» аст, имрўз дар сафи халқҳои ҷаҳон танҳо бо чеҳраи хоси худ метавонад мавқеъе биёбад, вагарна дар беҳувиятй миёни дигарон ноаён ва гумном хоҳад буд. Ин аст, ки на танҳо асли одамӣ, балки чеҳраи маънавии хоси худро низ бояд пайдо кард. Танҳо фарҳанги ғании замонӣ ва маънавияти, баланд метавонад миллатро аз гумномӣ эмин дорад, аз таҷовузи фарҳангии пешрафтагон, аз таҷовузу таъсире, қи оқибаташ маҳрумӣ аз ҳувияти миллӣ ва нобудии маънавист, раҳоӣ бахшад. Растагории миллӣ имрўз бо фарҳангу маънавияти баланд устувор кардани ҷойгоҳи худ дар ҷаҳон аст.
Давлати миллӣ дар марҳилаи бўҳронии таърих сабаби растагории шахс ва миллат аст. Давлате, ки такя бар башардўстии ҳақиқӣ дорад, қобил аст, ки асбоби растагории шахсу миллатро фароҳам орад. Танҳо аз давлате умеди растагорӣ ҳаст, ки падид овардани моҳияти аслии инсон ва нашъу нумўи фарҳанги маънавиро мақсади асосӣ қарор додааст, барои расидан ба ин мақсад ҳама василаҳои иҷтимоъиву сиёсӣ ва иқтисодиро фароҳам меорад ва устувор медорад.
Чун Исмоили Сомонӣ муттаҳид кардани ҳама ноҳияву вилоятҳои Хуросонро сар кард, зуд ошкор гардид, ки мақсадҳои наҷибе дорад. Аз ҳар тарафи Хуросон, аз ҳар гўшаи олами ислом аҳли адаб ва донишмандон ба Бухоро ҷамъ шудан гирифтанд. Он гоҳ давлати Сомониён барои таъмини маишати аҳли илму фарҳанг ҳанўз чандон имконоти моддиву иқтисодӣ надошт, бо вуҷуди ин аҳли илму адаб ба сояи ин давлат паноҳ овардан гирифтанд. Рў ба 108

пешина
аз 351
навбатӣ