Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муҳимтар аз ҳама он аст, ки нигоҳ доштани бунёди маънавии зиндагӣ дар тўли асрҳо имконпазир омад. Омилҳои танзимгарии ғоявию маънавӣ, иҷтимоъиву ахлоқӣ ва коркарди амалӣ дар ҷомеа пурзўр буда, дар бисёр мавридҳо кишвардориро низ ба анъанаҳои мустаҳками худ тобеъ мекард. Дарунмояи илмию назарии ин кишвардорӣ аз гуманизми даврони эҳёи миллӣ ба бор омада буд.
Як ҷузъи муҳимми ин гуманизмро андешаи растагорӣ ташкил кард.
Растагории иҷтимоъӣ ва маънавии инсон дар афкори фалсафии ахди Сомониён аз масъалаҳои асосӣ буд.
Эҳёи Эрон, ки дар илми имрўз Ренессанси Эрон ном гирифтааст, ҳамроҳ бо инқилоби илмӣ буд, ки дар ҳама соҳаҳои дониш ва адабиёту санъат тараққии беназир овард. Ин инқилоби фикрӣ поя бар башардўстӣ дошт: инсон ва манфиатҳои вай, сифатҳои олии одамиро аз ҳама боло гузошта буданд. Бузургон ҷаҳд доштанд, ки фарҳанг ва маънавият инсонро аз хориву зорӣ ва офатҳо, аз эҳтимоли рафтан ба роҳи бад, аз ҳар қайду банд наҷот бидиҳад. Растагорӣ дар фалсафаи иҷтимоъӣ аз мавзўъҳои бузург буда, ба мафҳуми муҳимми фалсафӣ табдил ёфт. Онро аз ҳар ҷиҳат таҳқиқ карданд. Чунончи Фирдавсӣ гуфтааст:

Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорӣ бибоядт ҷуст.

Чунонки мебинем, шоир илму дониш ва - динро боиси растагорӣ донистааст, густариши дониш ва дину диёнатро чун омили халоскорӣ зарур шуморидааст.
Бузургтарин донишманди он замон Ибни Синост, ки гуфта буд: «Растагории мардум ба покии ҷон аст».
Ин ҳикмати шайхурраис чи ба шахси алоҳида ва рўйдодҳои рўзмарраи зиндагӣ, чи ба халқу миллат ва воқиаҳои бузурги таърих

  • ба ҳама ҳолат баробар дахл дорад ва хулосаи фалсафии ҷомеи ҳамагонист. Дар ҳар сурат растагорӣ бидуни рўҳу равони соф ва сиришту тинати пок имконпазир нест. Сафои дил ва ҷилои хирад ҳамеша бо ҳаманд ва аз ягонагии онҳо маънавияту одамият ҳосил мешавад, ки алҳақ боиси раҳоист.
пешина
аз 351
навбатӣ