Хуросон аст ин ҷо

Дуруст аст, ки пас аз барҳам хўрдани давлати Сомониён дар зарфи нўҳ сад соли охир дар Осиёи Миёна давлатҳои туркӣ ҳукм ронданд, вале аз давраи Қарахониён сар карда подшоҳон аз туркҳо бошанд ҳам, вазирон, қозиҳо, уламо аз эрониён - аз тоҷикон буданд ва дар дастгоҳи идорӣ тоҷикон кор мекарданд. Туркҳои хукмдор бештар бо ҷангу ҷўш ва муборизаҳои хунини байни якдигар ё айшу нўш машғул буданд ва дастгоҳи азими кишвардорӣ аз поин то болоҳо аз тарафи кордорони маҳаллӣ идора мешуд, низому тартиби иҷтимоъӣ дар кишвар бештар, бо дасти онқо ҷорӣ мегардид. Вазирони машҳур, қозиҳову раисҳои номдор, қонундонҳову ҳуқуқшиносони адолатгустар аз байни ҳаминҳо баромадаанд. Фуқаро асосан ва мансабдорон қариб тамоман тоҷик буданд, аз ин сабаб забони форсӣ забони расмии давлатӣ буд.
Як ривояти арабӣ машҳур аст, ки тарҷумаи форсии он дар китоби Ричард Фрай «Бухоро» чунин омадааст. «Қудрат аз они туркон аст, кишвардорӣ аз они эрониён ва риёсати динӣ аз они аъроб». Дар ин ривоят он ҳақиқати таърих акс андохтааст, ки эронитаборон ба ҳама ҷаҳони ислом дар кишвардорӣ ном баровардаанд. Дар Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр зиёъиёни мазҳабӣ низ аз мардуми маҳаллӣ буданд, яъне маънавӣ ва динӣ ба дасти эронитаборн буд.
Муҳимтарин нуктае дар санъати кишвардории аҷдоди тоҷикон таъмини тартибу низоми ҷомеа дар шароити душвори ҷангу хунрезии доимии подшоҳон буд, ки то ҳадди имкон аз осеби турктоз маҳфуз доштани раият, як андоза пойдор доштани адлу инсоф, заруриёти зиндагӣ, ҳатто ободии мамлакат ба баъзе сиёсатмадорони ботадбир муяссар мегардид. Дар зери дасти бегонагони дур аз хайрхоҳӣ, дар шароите, ки хилофи осудаҳолӣ ва ободист, ба навъе фароҳам овардани заминаи зиндагии мўътадили раият вазифаи душворе буд, ки иҷрои он дар ҷустуҷўи назарию амалии кишвардорони мо мавқеъи асосӣ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё