Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дигар вақти сафороии субҳ набудани ӯ ошкор шуд ва баъд аз ҷус туҷӯ ӯро аз зери буттаҳои боғи қисмамон пайдо карданд.
Дар пурсуҷӯ маълум шуд, ки ӯ аз таҳдиди ман тарсида, гурехта будааст.
Дар натиҷа, барои ман тафтишот оғоз карданд. Дар ҳоли ба додгоҳи низомӣ фиристода шудани парванда, ба ман ҳукми адои ҷазо дар зиндони интизомии сарбозӣ таҳдид мекард, ки ман онро хеле ҷиддӣ нагирифта будам. Хеле содалавҳ будам, фикр мекардам агар як зарра поён оям, ҳамаи обрӯву номусам мерезад ва нобуд мешавад.
Муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-идеолоҷӣ майор Лебедев пешниҳод кард, ки ба падару модарам хабар диҳанд.
Ӯ дар ҷамъи афсарон, ки маро муҳокима мекарданд, эълон кард, ки дар Осиёи Миёна зиндагӣ дар аулҳо ба таври қабилавӣ мегузарад ва чунин хабари бад зуд паҳн шуда, боиси сарафкандагии хонадон мешавад. Ҳарчанд ман даъво кардам, ки ба балоғат расидаам ва ба аъмолам худам ҷавоб медиҳам, ба ин нигоҳ накарда, ба хона телеграм фиристоданд.
Ман он замон бештар аз он нороҳат будам, ки амали зиштам ба падарам ошкор мешавад, метарсидам, ки чи гуна ба чаш мони падарам нигоҳ мекунам. Фикр намекардам, ки кори баде кардаам. Аслан ба зеҳнам намерасид, ки чи ҷазое маро интизор аст. Нофармониву саркаширо қаҳрамонӣ медонистам.
Падари азизам ҳамроҳи амакам, ки ҳанӯз барҳаётанд, ба қисми низомии мо, ки ҳашт ҳазор километр аз зодгоҳ дур буд, омаданд, ки боиси сарафкандагӣ ва шармандагии ман шуд.
Вақте ки падарам ордени «Ленин»-у «Байрақи Сурхи Меҳнат»-ро ба сари сина овехта, ба қабули фармондеҳи қисми низо мӣ омаданд, ӯ дид, ки на бо як авулнишини саҳроӣ, балки бо як собиқадори хизматнишондода рӯбарӯст, даступо хӯрд ва вақ те ба ӯ гуфтанд, ки худаш дар тарбияи ман масъул аст ва агар пас аз якуним соли хизмат ман ҷинояте содир карда бошам, ӯ

пешина
аз 253
навбатӣ