Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳам ҷавобгар аст, ларза дар андомаш афтод ва зери обу арақ монда, ваъда дод, ки пас аз муҳлати ками монда, маро сиҳату саломат ба хона гусел хоҳад кард. Дастур дод, парвандаро қатъ карданд ва он хатар аз сари ман рафъ шуд. То ҷое ман медонам, ин ҷоизаҳои падарам фақат ҳамин як бор ба оилаи мо хизмат карданд, вале воқеан хизмати арзандае!
Вале ин ҳодиса ба ман дарс шуд ва баъд аз он ба худам қавл додам, ки беандеша набошам ва ба он ҳама бесарӣ хотима диҳам. Дар давоми муҳлати боқимондаи хизмат, ки тақрибан ним соли дигар буд, дигар ба ҳеч фитнае дода нашудам ва аз қо нуншиканиву ҷангу ҷанҷол худдорӣ кардам. Агар дар тӯли якуним соли хизмат шибҳиғалабаҳоям ба назарам боиси ифтихор буда бошанд, бо гузашти замон худдориҳои кардаам бароям мояи ифтихор шудаанд. Баъдҳо дар асари безаволи Бай ҳақӣ хондам, ки ӯ низ бе овардани ҷузъиёт, аз муҷозот шуданаш нақл мекунад ва худашро гунаҳкор медонад ва аз кардааш изҳори пушаймонӣ мекунад. Ман ҳанӯз ҳам аз он ҳодиса эҳсоси шарм мекунам, нақлашро барои он овардам, ки ба ҷавонон дарс шавад.
Ман хизматро моҳи майи соли 1987 ба охир расонда, баргаш там ва таҳсилро дар Донишгоҳ идома додам.

ДАР САМАРҚАНД

ар замони донишҷӯӣ роҳи мо – донишҷӯёни панҷекатӣ
Дба Душанбе дар фасли зимистон аз Самарқанд мегузашт. Роҳи гарданаи Анзоб зимистонҳо баста мешуд ва мо ба
Са марқанд рафта, аз он ҷо бо қатор ё ҳавопаймо ба Душанбе
меомадем. Борҳо роҳам аз тариқи Самарқанд гузаштааст, вале
гар чанде Самарқанд дар ҳайати Ӯзбакистон бошад ҳам, ҳеч гоҳ
чунин ҳиссиёте, ки Ватанро тарк мекунам, надоштам. Аслан,

пешина
аз 253
навбатӣ