Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба дастат бигирӣ, ду соли хизматат бо фаршшӯӣ хоҳад гузашт».
Баръакс, агар нотарс бошӣ ва ба фишору таҳдид тан надиҳӣ, со ҳиби эҳтиром мешавӣ ва хизмат осон мегузарад.
Ин буд, ки мо ба ҳар эроде ё фармоише вокуниш нишон медодем. Ҳатто лозим шавад, занозанӣ ҳам мекардем, вале сар намефуровардем. Ба фаҳми баччагии мо, ин як кори номусӣ буд.
Қисми низомие, ки ман дар он адои хизмат мекардам, аз ба талионҳои зиёд иборат буд. Аз тоҷикон ман бо як нафари дигар, ки Мусулмон ном дошт, дар қисми алоқа хизмат мекардем. Дар қисмҳои дигар ҳамагӣ се нафар баччаҳои тоҷик буданду халос. Мо бо ҳамдигар хеле дӯст будем ва доим аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирифтем. Дар ҳама кор ба якдигар кумак мекардем. Ҳикояти як иттифоқи ҷолибро, ки бо яке аз ин баччаҳо афтида буд, дар поён хоҳам овард.
Чи тавре ки зикраш рафт, дар артиш собиқасолорӣ роиҷ буд. Сарбозони собиқадор берун аз оиннома ба худашон салоҳиятҳои бештар мегирифтанд. Сарулибосашонро ба завқи худашон мувофиқ мекарданд. На ҳамеша реҷаи рӯзро риоят мекарданд. Кору вазифаҳои худро ба ҷавонсарбозон бор менамуданд ва ғайра. Умуман, қонуншиканӣ дар артиш зиёд рух медод.
Инчунин, муносибати байни сарбозон зиёд ба ҷанҷолу занозанӣ мекашид, ки давлат маҷбур шуд барои муносибатҳои хилофи оиннома қонунҳои ҷиноӣ қабул кунад ва ҳатто зиндонҳои махсуси интизомии сарбозӣ ташкил кард.
Ман ҳам як баччаи ҷавону хом ва ба истилоҳи Устод Айнӣ, «як тоҷики аҳмақ» будам ва тибқи ҳамин зеҳният хизмат мекардам. Бе ҳеч сабаби хос пархошҷӯӣ мекардам ва ба ҷавонсарбозон сахтгирӣ раво медидам. Боре як сарбози ҷавонро аз сабаби он, ки дар бошишгоҳ об набуд, барои об фиристодам ва таҳдид кар дам, ки бе об барнагардад вагарна лат хоҳам кард. Ба зудӣ об ҳам омаду ман он сарбози ҷавонро фаромӯш карда будам.
Ин сарбоз аз тарс гурехта, он шаб ба қисм барнагашт. Рӯзи

пешина
аз 253
навбатӣ