Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ӯ гуфтанд:
– Пас чӣ гуна он дуро гирон кардӣ?
Сарбоз гуфт:
– Ӯ медонад, - ва ба ман ишора кард.
Колябин ба ман бо пӯписа гуфт:
– Биё ин ҷо, ту он зиреҳпӯшҳоро гирон кардӣ? - гӯё ман ҷи нояте карда бошам, -чӣ тавр гирон кардӣ?
Ман гуфтам:
– Танзим кардам ва гирон шуд.
Пурсид:
– Чӣ тавр танзим кардӣ?
Ман тавзеҳ додам.
Вай гуфт:
– Бубин, инҳо чаро гирон намешаванд?
Нигоҳ кардам, ки ронанда вақти танзими мотор назми помпро вайрон карда буд. Афсар омаду пурсид, ки мушкил дар чист? Барояш тавзеҳ додам ва мушкилро гуфтам. Ӯ гуфт:
– Ба тартиб бигӯ, чӣ кор бикунад?
Роҳнамоӣ кардам ва ба ҳамон тартиб, ки гуфтам, танзим кар данд ва бо аввалин старт, хушбахтона, батериҳо ҳанӯз нашишта буданд, мотор ба кор даромад.
Акнун, Кузмин ба Колябин бо истеҳзо менигарист.
Дигар аз забони онҳо «чурка»-ро нашунидам.
Пеш аз ба хизмати сарбозӣ рафтан, баччаҳои аз хизмат баргашта ба мо аз таҷрибаи сарбозиашон ҳикояҳо мекарданд ва машварат медоданд, ки агар ба хизмат равем, чӣ гуна рафтор на моем. Ҳама ба як овоз ҳушдор медоданд, ки аз рӯзи аввал шарму тарсро канор гузошта, аз иҷрои фармонҳои собиқадорон саркашӣ кунем вагарна, моро тарсу ҳисобида, ба мо бештар корҳои ифлосро, аз қабили шустани дастшӯйиҳо ва фарш мефармоянд ва умуман, дар артиш касонеро, ки мутеъ бошанд, ҳур мат намекунанд. Мегуфтанд «агар як бор латтаи фаршшӯиро

пешина
аз 253
навбатӣ