Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар санадҳои маро омода карда, бо билет ба дастам доданд ва аз фурудгоҳи Шереметево бо парвоз ба Деҳлӣ фирис тоданд. Нафари дувуме, ки он сол барои таҷрибаомӯзӣ дар Ҳинд интихоб шуда буд, Сӯҳроб ном донишҷӯ аз гурӯҳи забони ҳиндӣ буд.
Фурудгоҳи Шереметево махсуси парвозҳои хориҷӣ буда, он замон нисбат ба Домодедово хушсохту барҳаво буд. Ман аробачаҳои борбариро, ки имрӯзҳо дар фурӯшгоҳҳо як чизи маъмулӣ ҳастанд, бори аввал дар ин фурудгоҳ дидам. Таблои бузурге дошт, дар он ҳар замон номи шаҳрҳо ва рақами парвозҳо аз боло ба поён бо садои шарақ-шарақ иваз мешуданд. Бори аввал бо истилоҳи Custom, Passport control ва назири онҳо рӯбарӯ шудам. Дохили фурудгоҳ чанд қаҳвахона дошт, ки нархи як ҷуръа қаҳвааш баробари харҷи чандрӯзаи ман дар Душанбе буд. Мағозаҳои Duty Free дошт, ки аз мағозаҳои шаҳри Маскав ҳам зеботару муҷалло буд, вале дар ин мағозаҳо фақат доллар қабул мекарданд, бо пули шӯравӣ аз ин мағозаҳо чиз харида намешуд. Барои ман ин фурудгоҳ гӯё як дунёи дигар буд.

ҲИНД

ақте дар Деҳлӣ мо аз бинои фурудгоҳ берун омадем, ман Ваз гармӣ ва рутубати ҳаво якбора нафасгир шудам ва бо шитоб ба дохили бино баргаштам, ки боиси хандаи корманди сафорат, ки моро пешвоз мегирифт, шуд. Ӯ ба ман дилдорӣ карда гуфт, ки ба мошин нишинам, дохили мошин ҳаво хуб аст. Воқеан, дохили мошин ва биноҳо ҳаво хуб буд, вале ҳавои кӯча чанд рӯзи аввал маро хеле азият мекард. Ором-ором ман ба ҳамаи тафовутҳои байни Деҳлӣ ва Душанбе одат кардам.
Ман ва Сӯҳроб бо пешниҳоди кормандони сафорат, дар гузари Ҳавзи хоси Деҳлии нав табақаи дувуми як виларо иҷора

пешина
аз 253
навбатӣ