Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
кардем ва ба донишгоҳ рафта, бо барномаҳои омӯзишӣ шинос шудем.
Дар Ҳинд ба мо пули зиёд медоданд. Якуним ҳазор рупия сафорати Шӯравӣ ва ду ҳазор рупия Консулгарии робитаҳои фар ҳангии Ҳинд медод. Иҷорапулиро ҳам сафорат мепардохт.
Ғайр аз ин, сафорати Шӯравӣ вақти баргаштан як миқдор доллар ҳам медод, ки мо метавонистем аз мағозаи Duty free-и фу рудгоҳ савғотӣ бихарем. Он замон ин ҳама пули зиёд буд.
Дар донишгоҳ барои мо иштироки озод гузошта буданд.
Ҳар кадоми мо аз ҳисоби устодони донишгоҳ як сарпараст доштем, ки бояд бо ӯ ҳамкорӣ мекардем. Дар асл дониш омӯхтан аз шавқу хоҳиши мо вобаста буд, агар мо мавзӯе интихоб мекардем, устод дар омӯзиш ба мо кумак мекард. Устоде, ки сарпарасти ман буд, Шафиқ Хан ном пирамарди наҷибе буд. Бо тавсияи ӯ бо нависандаи ҳинду Ҷогиндар Пал ошноӣ пайдо карда, эҷодиёти ӯро омӯхтам. Ӯ асосан дар бораи ҷудошавии Ҳинду Покистон ва фоҷиаҳои ба бор овардаи он – ҷанги шаҳрвандӣ ме навишт. Ман аз тасвирҳои ӯ хеле мутаассир шавам ҳам, пай на мебурдам, ки як чунин фоҷеае миллати манро дар пеш аст.
Кори дигаре, ки дар рӯзҳои аввали расидан ба Деҳлӣ анҷом додам, сабти ном кардан ба мактаби омӯзиши забони инглисӣ буд. Ин мактаби семоҳа, вале хеле муассир буд. Шеваи тадрис тарзе буд, ки ба мо як соат дарси шифоҳӣ, як соат хаттӣ медоданд. Вале ин ду соатро ончунон шавқовар баргузор мекарданд, ки мо – донишҷӯён дар куҷо будани худро фаромӯш карда, та вону нотавон ба инглисӣ бо ҳам ҳарф мезадем. Муаллима ҳар рӯз мавзӯъҳои навро матраҳ мекард, ки ҷумлаҳои асосии ба ин мавзӯъ рабтдошта дар баргаҳои ба мо тақсимшуда навишта шуда буд. Аввал худаш дар назди мо бо як донишҷӯ дар он мавзӯъ саволу ҷавоб мекард, то ки мо шунавем, баъд моро дунафарӣ тақсим карда, ба муколама вомедошт. Худаш дар байни мо гашта, хатоҳоро ислоҳ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё