Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
кардан лозим меомад. Вале маскавиҳо бо камоли майл ёрӣ мерасонданд. Фикр мекардам, ки хобгоҳ мисли хобгоҳи донишгоҳи худамон дар Душанбе бошад. Вале ин хобгоҳ тозаву озода ва мураттаб буд. Барои ҳар ду ҳуҷрааш якто утоқи дастшӯӣ ва оби гарм дошт. Воқеан, дар Маскав ҷои хубе бароям доданд.
Ҷомадонамро монда, барои хӯроки шом баромадам. Ба ҷои ошхона иштибоҳан, ба аввалин мағоза даромадаму аз ҳайрат шах шудам. Витринҳо пур аз навъҳои ҳасибу гӯшти тозаву равғани зарду ховёр (тухми моҳӣ) ва чизҳои дигар буданд. Рафҳои мағоза пур аз навъҳои гуногуни нону консерву шишаҳои рангоранг буданд. Ман чанд дақиқа лол шуда мондам. Баъд ба худ омада, витрину рафҳоро аз наздик тамошо кардам. Дар мағозаҳои марказии Душанбе даҳ дарсади ин фаровонӣ набуд, дар ҳоле ки ин фақат як мағозаи одии Маскав буд.
Маскав торафт бештар маро тасхир мекард. Одамони бомаданияту хушодоб, нақлиёти муназзаму камодам, мағозаҳои пур аз мол ҳавасамро меоварданд. Орзу мекардам, ки дар чунин шаҳре зиндагӣ кунам. Ман боварӣ доштам, ки ба мақсади аслиям – дипломат шудан хеле наздик шудаам. Баъд аз таҷрибаомӯзӣ дар Ҳинд имкони дар вазорати хориҷа кор кардан пайдо мекардам. Дар хаёлотам худро дипломат медидаму босалобат дар кӯчаҳои ҳамин гуна шаҳри зебо тасаввур мекардам. Ҳамин тавр, як ҳафта дар пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ истода, онро хеле тамошо кардам.
Рӯзи пеш аз парвоз он корманди вазорат мо донишҷӯёнро ҷамъ карда, дастуроти лозимаро дод. Тибқи гуфтаи ӯ, мо бояд ғайр аз паспорти хориҷӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳоямонро месупурдем ва ҳатто пулҳои шӯравиро ҳам ҳамроҳамон намебурдем. Ман ҳамроҳам каме бештар аз 300 сӯм пул доштам. Бо роҳнамоии донишҷӯёни дигар, пулҳоямро дар шуъбаи Сбербонк – бонки амо натнигоҳдорӣ, ки дар рӯбарӯи бинои Вазорат ҷой дошт, супурда, дафтарчаи амонатро гирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё