Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Ҳозир бихезеду биравед, агар онҳоро нишон диҳед, мо ба шумо кор надорем, вагарна..., - бо заҳрханд гуфт фармондеҳи сурх.

Бегоҳ ба хона баргашт. Ба ҷустуҷӯи мӯҳр афтод, ҳама ҷоро тагу рӯ кард, аммо аз ҳеҷ куҷо наёфт. Хати иршодашро ба қоғазе печонду ба ҷое пинҳон кард. Дарк намуд, ки рақибонаш мӯҳрро дуздидаанд. Ин дафъа хати пурқимматро низ хоҳанд бурд. Хубаш ба авлодонаш мерос монад. Тан ба тақдири Худо рӯ ба саҷда овард. Ҳафтае нагузашта боз ду сарбози дигар омаданд. Онҳо ӯро ҳамроҳи се нафари дигар пешандоз карда, ба сӯи шаҳр равон шуданд. Ин дафъа низ Ҳазрат сирри бурданашро ба касе ошкоро накард. Чун байни найзори деҳаи Чакнор расиданд, сарбозон бозистоданд.

Ба ҳаво ду-се тир андохта, ба бобои Эшон рӯй оварданд:

  • Тақсир, мо ҳам бандаи мусулмонем, барои мо паррондани шумо гуноҳи азим аст, моро иҷборан фиристодаанд. Бигурезед, ба куҷое ки мехоҳед, биравед. Мо бармегардем, мегӯем, ки паррондемашон.

  • Писарам, ҳоло шумо ҷони ҷавон доред, онро дар азоб намонед. Дар тақдири ман маҳбусӣ аст, маро баред, натарсед. Ин айби шумо нест, гуноҳ намешавад.

  • Не, наметавонем, маҷбур накунед, майлаш ба хонаатон равед, мо ин ду нафарро ҳам ба хотири шарифи шумо ҷавоб медиҳем, гурезед! - боз тир андохтанд онҳо.

Бобои Эшони Алааспа бо сари хам ба хона баргашт. Бегоҳӣ, баъди хӯроки шом, аҳли оила дар равшании чароғ ҳар яке бо коре машғул буд. Занҳо дар гӯшае нишаста яке чарха мересиду дигаре чокдӯзӣ мекард. Муҳаймину Сайидмуртазо ва Шариқамо дар кунҷе нишаста, бо ёрии Муҳаллилҷон китоберо

пешина
аз 176
навбатӣ