Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Вақте ки хӯрокро хӯрданд, бобои Эшон ба меҳмон рӯй оварда гуфт:

  • Писарам, ту барои бурдани ман омадай, биё ба мардум хабар надода, ҳардуямон номаълум баромада меравем.

  • Рост мегӯӣ, тақсирам, фармони боло ҳамин аст, - гуфт мард, ки аспи зардранг дошт.

Ҳамин хел ӯ пеш-пеш, мардаки меҳмон аз қафо баромада рафтанд. Қорӣ-калуг дуртар аз онҳо ба ҷониби Кӯлоб равона шуд.

Ҳазратро дар таҳхонаи ЧК тафтиш карданд.

  • Айни ҳол бо чӣ кор машғул ҳастед? — пурсид низомии бадкавоке.

  • Ман бандагони Худоро ба роҳи ростӣ ҳидоят мекунам, аз дуздиву ғарӣ, молимардумхӯрӣ мераҳонам, то ба оташи дӯзах наафтанд.

  • Тибқи маълумоти мо, қариб ки ҳар шаб ба наздатон одамони шубҳанок меоянд? Ва гӯё, ки сарварони босмачиҳо аз шумо маслиҳат мепурсандӯ озуқаву пул мегиранд, ҳамин хел аст, росташро гӯй?!

  • Агар шумо ба ин гуфтаҳо мутмаин бошед, далелҳои шайъӣ дошта бошед, ҳукм бароред, писарам. Касе, ки ба одамҳо ҷафо диҳад, қатлу ғорат намояд, бешак душман аст, хоҳ босмачӣ асту хоҳ салот.

  • Шумо барои кадом гурӯҳ кор мекунед, манфиати кадом давлатро мепарастед, тарафдори кадом ҳизбед?

  • Ман барои Худо, дар роҳи Ҳақ таоло риёзат мекашам. Аҳли орифон, аҳли ислом гурӯҳи ман аст, кадом давлате, ки пуштибони беваву бечораҷост, дар хизматаш ҳастам.

  • Мегӯянд шумо мадраса хатм кардаед, ҳуҷҷату мӯҳр доред, ки инро тасдиқ намоед?

  • Бале!

пешина
аз 176
навбатӣ