Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
рӯзии хеш мондем, гурӯснагиро дидӣ? Бидон, ки марди саховатпеша, меҳнатдӯст, ҷуз шарикӣ ба рӯзии дигарон дигар хунаре надорад. Пас чӣ ҷои миннат аст?
Ҳамин хел такозои одат Ҳазрат дар кадом ҳоле бошад, забон аз ғайбат баста, ташвиқ дар роҳи одаму одамгарӣ, худохоҳиву худоогоҳӣ мебурд. Садақаву хайрҳои карда, шабзиндадориҳояш дар роҳи Худо ӯро аз балоҳо ҳифз менамуданд.
Ба Кӯлоб нарасида, дар лаби ҳавзи домани теппае, ки айни ҳол роҳи паҳнбари поезд мегузарад, солҳои сиюм горе пайдо буд. Ҳар шаб аз ҳисоби маҳбусон 20-25 нафари ба муллову муштзӯрӣ маҳкумшударо қатор карда, ба он ҷо мебурданд. Ду қатор саф мекашонданд. Чун қатори аввалро мепарониданд, маҳкумшудагони дигарро маҷбур месохтанд, ки болои онҳо хок партоянд, баъд навбати худашон мешуд. Ҷасадҳои онҳоро маҳбусони навбатӣ хокпӯш мекарданд. Ду-се маротиба Ҳазрати Эшонро ба лаби ҷар монда, сӯяш тир холӣ карданд. Аммо чӣ хеле, ки мегӯянд:
Агар теғи олам бичунбад зи ҷой,
Набуррад рагеро, нахоҳад Худой.
Камонҳо дар намегирифт. Кумандону сарбозон тири нав, камони нав мегирифтанд, баъд бо тааҷҷубу ҳайрат ва ваҳшат ба пеши Ҳазрат меомаданд, мегуфтанд:
- Таксир, пуштатро гардон.
- Не, ман маргро бо чеҳраи соф, рӯ ба рӯ пазирой мекунам, - мегуфт ӯ.
Ноилочу шармзада кумандонҳо ӯро боз ба маҳбасхона меоварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё