Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

қаровулбегӣ мебошад. Ба ин ду гуноҳи кабира ӯро то охири умраш ҷафо доданд.

Мардуми Каримбердӣ, муридону сӯфиёнаш ҳар рӯз ба харҳову аспҳо обу ғизо бор карда, аз роҳи дуру наздик ба дидорбинии Ҳазрат меомаданд. Тибқи одат ҳамаи савғойҳои расидаро бобои Эшон ба маҳбусон тақсим менамуд, то он андозае, ки ба худаш хеле кам мерасид. Дар ин радду бадали ғизо Орзу мададгору ёвари ҳамешагиаш буд. Саховатмандии аз ҳад фузуни падар қалби ҷавонро тазийқ медод, мефишурд. Тоб наоварда рӯзе пурсид:

  • Падар, агар мабодо муддате ба мо хӯрок наёранд, мо захира надорем, чӣ кор мекунем?

  • Ба қавли ту чӣ бояд кард?

  • Аз пагоҳ сар карда кам-кам барои эҳтиёт захираи хӯрок монем.

  • Майлаш, бигузор гуфти шумо шавад, Мулло Орзу, - бо табассуми ширин ҷавоб дод падар.

Аҷоиботашро бинед, ду-се рӯзе, ки Орзу ҳамин ниятро кард, ягон кас ба хабаргирӣ наомад, ҳатто пораи ноне наёфтанд, ки дар об тар кунанд. Сарбозон ба кӯмак расиданд. Орзу аз гапи гуфтагиаш пушаймон шуду саҳараш боз обу ғизои вофир аз хешу пайвандон расид. Падар рӯ ба Орзу оварда гуфт:

  • Писарам, ризқу рӯзӣ азалӣ аст, аммо Худои мутаъол дасти саховатпешаро дӯст медорад, чунки кафи сахои худаш ҳамеша боз аст. Кафи дасти Ҳотами Той, гарчӣ дини исломро напазируфта буд, дар хок напӯсид. Ҷасади Нӯшервони одил, ҳарчанд мусулмон набошад ҳам, бегазанд, поку соф алхол дар лаҳад хоб аст. Вуҷуди фарди адолатпешаву ҳайрандеш дар кадом мазҳабе бошад, аз оташи дӯзах дур аст. Он ғизоҳо аз хотири ризқи омма буданаш фаровон буд, чун ба ризқу
пешина
аз 176
навбатӣ