Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Миш-мишу пичир-пичир чун гирдбод оҳиста-оҳиста рагу пайи сарварону сарбозони маҳбусхонаро ба ларза овард. Сардор чанд посбони камераи 7-умро, ки Ҳазрат он ҷо маҳбус буд, аз кор озод кард.

  • Шумо пора мегиреду боборо иҷозаи берунравӣ медиҳед! - гуфт ва худаш як шаб то рӯз поида шишт. Бо чашми худ дид, ба гӯши хеш азонашро шунид. Чун мӯйсафед бозпас ба хоначаи тангу захи торику бадбӯи хеш баргашт, сардор давида ба ҳуҷраи барҳаво, гарму нарми хеш даромад. Дарро аз дарун баста гиребонашро дошта ба тавбаву тазаррӯъ шурӯъ намуд. Он чӣ дид дар ягон афсона нашунидаасту ягон ҷо надидааст. Тааҷҷуб аз он дошт, ки бо ин каромату мӯъҷизаофариҳо чаро ин мард хешро дар банд андохтааст, фирор намекунад? Авлиёи барҳақ будааст! Ин розро сардор дар қалбаш нуҳуфта дошт.

Посбони дигаре чун дами субҳ аз камера берун-шавии мӯйсафед, пеши чумаки об ба таҳорат омадани ӯро мебинад, аз ҷаҳолат оташ мегирад, бо газабу нафрат давида ба пушти Ҳазрат шатта мезанад.

  • Мӯйсафеди ҷодугар, аз пушти ту чанд бечора аз вазифа рафт, мемурӣ, ки аз камера набарой, ту намоз мехониву мо бекор мемонем, - бонг зад ӯ ва кашон-кашон Ҳазратро ба камера бурда дарро қулф зад. Мӯйсафед илоҷе карда намозашро хонд, дуо карду шафоати маҳбусонро аз парвардигор хостгор шуд, наранҷид, гӯё чизе нашуда бошад.

Соате сипарӣ нагашта дар роҳравҳои маҳбусхона даводаву паропар сар шуд.

  • Як кумандон ба чӣ касале гирифтор шудааст, ки аз зӯрии дард печ задаасту фиғону фарёд дорад, мемурад бечора, кӯдакдор аст, - арз кард дар пеши сардори маҳбасхона роҳбари посбонҳо.
пешина
аз 176
навбатӣ