Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

гардиданд, қадаме сӯи дари оҳанини маҳбусхона гузошт. Болои қулфҳову занҷираҳо ҳамон дастаи нур пайдо гашт, мисли офтоби дурахшон, дасти фариштае зулфаки дарро меҷӯст. Бобои Эшон дасти муборак ҷониби он дароз карданд. Мавонеъ нест, беовоз боз гардиданд қулфи ин дару дарҳои дигар. Баромад ба саҳн, азон гуфт, сарбозони пинакрафтаро ин садо ноором гардонд. Дар саҳн, дар ҷои поктар намози бомдодро хонд. Онҳост, ки аз дур ҳаракати мӯйсафедро назорат менамуданд, аз шигифту ҳайрат ангушт мегазиданд, аз ҳаяҷон лаҳзае гунгу кар гашта, дида медӯхтанд.

Субҳ дамид. Аввалин рӯзе, ки Ҳазрати Эшон дар маҳбас гузаронид, ба рӯзи нахустини тирамоҳи соли 1933 рост омад. Боди хазон баргҳои акнун ба зардшавӣ оғоз кардаи туту чанорҳои баланди даври маҳбасро такида, рӯ-рӯи фарши сангин ба гарду чанг омехта давр мезанонд. Дару деворҳои сафедкардаи саҳнро олуда ба хок, омехта бо ғубор менамуд. Хазонҳои айёми ногуворро чун хушкшавии армонҳову орзуҳояш пиндошт. Оре, пиршавии набототи табиат ба ҷисму ҷони Эшони Сайиди Алааспаи пир сахт тазиқу фишор овард. Ба гумонаш аз ниҳоли умри ӯ низ баргҳои тиллоранге ягон-ягон фурӯ мерехтанд. Ин баргҳо пандҳову суханҳои ганҷбору пурқиммати ӯ буданд, ки айни замон лагадкӯби ҳаводис шудаанд.

Гар лагадкӯби ҳаводис шуд ҳунарвар айб нест,
Чун бувад дар шаҳри кӯрон зери по оинаҳо.

Чанд шаби дигар ба ҳамин минвол бобои Эшон ба берун мебаромаду намоз мехонд. Ба кадом қулфе, ки наздик мерасид, бо ҳукми Худованд боз мегардид.

пешина
аз 176
навбатӣ