Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

МАҲБУСӢ

Ҳар кӣ бинӣ, ки пас аз парвариши
факр ӯро
Дар сафи зиндадилон ном ба иршод
равад.
Боди даъвӣ ба сари ӯ мабар, эй
хоҷа, мабод,
Ки аз ин беадаб дини ту бар бод
равад.

Дастаи нуре, ки пеш аз шаби маҳбусӣ дар хонаи худаш аз равзан ба синааш афтод, лаҳзае саропои ӯро ширранг карда буд, ана боз пайдо шуд.
Акнун ин нур имшаб ӯро танҳо, танҳои танҳо, маъюсу сархам дарёфт. Моҳтоб ба паси абрҳо пинҳон шуд, он дастаи анвор ҳам зуд ғайб зад. Аммо меҳри бузургу бениҳояти дигар шаби зулмоти ӯро мунаввар мегардонид. Акнун як даста не, саропои ӯ аз ботину аз зоҳир ғарқи нур – дарёи нур гашта буд. Ва ӯ сураи «Кофирун»-ро бо овози шунаво мехонд: «Қул я аюҳа-л-кофирун. Ло аъбуду мо таъбудун. Ва ло антум обдиуна мо аъбуд. Ва ло ана обидум мо обдаттум. Ва ло антум обдиуна мо аъбуд. Лакум динукум валия дин».
Мазмунаш: «Бигӯ: Эй кофирон! Намепарастам он чӣ мепарастед. Ва на шумо парастагонед он чӣ мепарастам. Ва на ман парастандаам он чӣ мепарастед ва на шумо парастагонед он чӣ мепарастам! Шуморост дини шумо ва марост дини ман».

Оре, ҳамин ишқ имшаб ва шабҳои дигар чун
буҳори гарму ҳаловатбахшу форам дар раг-раги ӯ
ҳарорату нерӯ мебахшид. Ранҷу мондагиро аз вуҷудаш
дур месохт, сабуки сабук шуд, пари қаҳворе. Чашм ба
қафаси синаи муборакаш мебарад. Ҳар узви ботинашро
шӯълаафкан мебинад. Чун бонги хурӯсон баланд

пешина
аз 176
навбатӣ