Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
-
Ба духтур баред, нигоҳ карда мешинед, дору диҳед, ҳамин ҳам гап шуд.
-
Ҳамаи чораҳоро табибон диданд, аҳволаш бадтар шуду беҳтар не.
-
Напурсидед, ягон хӯроки ганда нахӯрда бошад, заҳр заҳраш доданд магар...
-
Медонӣ, рафиқ сардор, ин командон як гуноҳ кард, ҳамон мӯйсафеди бечораи дар камераи ҳафтум бударо гоҳи таҳорат як шатта зада, ҳақорати қабеҳ кард.
-
Зад, дашном дод? Ҳоӣ лаънатӣ-е, охир медонад, ки ӯ баробари бобояш солхӯрда аст! - сардор аз он ба даҳшат афтод, ки мабодо касофати ин командони беимон ба кору бори ӯ назанад. Охир он чӣ ӯ бо чашмони хеш дидааст... Не, ба роҳбари нозирони маҳбусхона дар ин боб ҳарфе назад, фармон дод:
-
Зуд бошед, он малъунро ба пеши камераи ҳафтум баред, аз мӯйсафед узр бипурсад, баъд назди ман биёред.
Командони аз дард ғунчашударо кашолакунон ба ҳамон саҳни намозҷои Эшон оварданду Ҳазратро рӯ ба рӯи ӯ.
- Худоё, ба ин бандаи бетавфиқат тавфиқ бахшой, дили ӯро дар роҳи ислом гарм соз! Бихез акнун бачаҷон, паи қорат бирав, - даст ба шонаи командон - нозири маҳбасхона гузошт мӯйсафед. Ҳамон лаҳза ресмоне, ки қомати мардакро чанг мекард, канд, анбӯре, ки бо дасти бераҳмаш рагу пайвандашро мефишурд, кушода гардид. Оҳи сабуке кашида рӯи по шуду пеши Эшон ба зону афтод, лобаву зориҳо кард, сони ба пеши сарвари маҳбусхона рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё