Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ба истифода додааст, ки дар он бештар аз 400 расму аснод ва дастхатҳоро дар бар мегирад. Дар қатори расму аснодҳои подир — тапонча, шамшеру гилоф ва расмҳои солҳои сиюм маҳфузанд. Осорхонаи ба номи А. Бобокалонзода аз таърихи барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ ва ташкили нахустин ячейкаҳои комсомолӣ дарак медиҳад. (26). А. Бобокалонзодаро тамоми мардуми имрӯзаи ноҳияҳои Ҳисору Турсунзода мешиносанд. Ӯ яке аз ташаббускорони кушодани мақбараи бародарони аскарони Армияи Сурх дар деҳаи Қаротоғ мебошад, ки мо дар саҳифаҳои оянда менигорем.
ЁДДОШТҲОИ АБДУҲАМИД БОБОКАЛОНЗОДА
Дар аввали соли 1918 ба Қаротоғ ногаҳон як рафиқи рус омад, ба хизмати бои қишлоқ Иброҳим дохил шуд. Вай хишт мерехт. Ӯро барои нағз кор карданаш ҳама таъриф мекарданд ва ба вай офаринҳо мехонданд. Одамоне, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат мешуданд, аксар вақт нақли вайро дар бораи Россия мешуниданд. Вай мегуфт, ки дар Россия подшоҳро аллакай сарнагун кардаанд, тамоми ҳокимият ба дасти Шӯрои коргарон ва деҳқонон гузаштааст ва ба онҳо ҳизби большевикон ва пешвои он Ленин роҳбарӣ мекунад. Ӯро мардуми қишлоқ Мусулмонқул номида буд.
Ин рафиқи рус то ибтидои соли 1920, дар Қаротоғ зиндагӣ кард, вале чи тавре ки ногаҳон пайдо шуда буд, ҳамон тавр ғайб зад. Аммо вай соли 1921, баъди барқарор карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ боз ба Қаротоғ омад, лекин ин дафъа чун командири қӯшунҳои савораи Армияи Сурх.
Мусулмонқул дар байни камбағалони қишлоқ дӯстони бисёре дошт ва онҳо ӯро самимона пешвоз гирифтанд. Баъдҳо мо фаҳмидем, ки Мусулмонқул бо супориши большевикон соли 1918 барои дар байни камбағалони Қаротоғ бурдани кори инқилобӣ ба ин ҷо омад.
Миёнаи феврали соли 1921 дар бораи наздик омадани аскарони сурх ба қишлоқи мо ҳам хабар расид ва камбағалон, хурду калон ба пешвози онҳо баромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё