Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
тоғ таъин шуд. Ва худи ҳамин сол ба ӯ тӯҳмат карда, ӯро боз ду сол ҳабс намуданд. Бо қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ҷиноятии ӯ аз нав тафтиш карда ва ӯро бо сабаби бегуноҳиаш аз ҳабс озод намуданд.
Соли 1948 ӯро ҷонишини раиси колхози ба номи «Стаханов»-и ноҳияи Шаҳринав таъин карданд. Худи ҳамон сол котиби дуюми ҳизби ноҳияи Шаҳринав — Тошев, А. Бобокалонзодаро аз сафи ҳизб озод намуд. Баъди ҳақиқат рӯи об баромадан, 13 августи соли 1949 аз нав ӯро ба сафи ВКП(б) барқарор карданд.
Аз соли 1949 то соли 1952 дар вазифаҳои агрономи МТС, коргари корхонаи шаробкашӣ, сардори гурӯҳи сӯхторхомӯшкунӣ, сардори артели «Интруд»-и ноҳияи Шаҳринав ва аз соли 1952 то соли 1957 дар вазифаҳои сардори нуқтаи маҳсулоттайёркунии Қаротоғ, сардори корхонаи нонпазии Чептура, раиси артели «Навобод»-и ноҳияи Шаҳринав шуда кор карда ба нафақа баромад. Дар дафтарчаи меҳнатии ӯ бори охирин раиси артели «Навобод» рафиқ Пӯлодов мӯҳру имзои охирин мегузорад. Таҳлили дафтарчаи меҳнатӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки А. Бобокалонзода аз лаззати тамоми карахтиҳои солҳои гузашта чашидааст.
Хизматҳои А. Бобокалонзода дар назди халқ ва Ватан бо ордени «Инқилоби Бухоро», медали «100-солагии В. И. Ленин», медали «Кумитаи Шӯрои ветеранҳои ҷангӣ», бо грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Грамотаҳои Фахрии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон ва Вазорати Маданияти Тоҷикистон қадр шудаанд. (26).
10 августи соли 1971 А. Бобокалонзода дар синни 65-солагиаш аз олам чашм пӯшид ва ӯро дар оромгоҳи деҳаи Шаҳринав ба хок супориданд.
Ҳуҷҷатҳои маҳхазии А. Бобокалонзода дар Музеи инқилобии шаҳри Москва, Музеи кишваршиносии ҷумҳурии ба номи Беҳзоди шаҳри Душанбе маҳфузанд. Билети комсомолии ӯ бо № 4463 ҳамчун нахусткомсомоли Тоҷикистон дар Музеи номбаршудаи шаҳри Москва дар намоиш аст.
Ҳоло фарзанди ӯ Абдураҳмон Бобокалонзода дар ҳавлиашон дар деҳаи Шаҳринав Осорхонаи падарашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё