Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар байни онҳо командири бригада Мелькумов, ки ӯ дар байни халқ бо номи Яъқубтӯра машҳур буд, командири корпус Ионов, командири полки якуми разведкачиён Кварцов буданд.

Дар Қаротоғ Кумитаи инқилобӣ ташкил шуд. Дар назди Кумитаи инқилобӣ таҳти раёсати Мирзоғулом Қодиров комиссияи тавқулодда (ЧК) барпо гардид. Ҳамон вақт ман посбони Кумитаи инқилобӣ будам ва фаъолияти онро дар хотир дорам. Ҳукуматдорони маҳаллӣ сохтмони бошишгоҳи ҳарбии аскарони сурх (дар Қаротоғ эскадрон меистод) ва сохтмони табобатхонаҳои ҳарбиро вусъат доданд. Бо қувваи аҳолӣ инчунин беморхона сохта, хатҳои телефонии Қаротоғ — Душанбе ва Қаротоғ — Ҳисор гузаронида шуданд. Кумитаи инқилобӣ дар бобати тайёр кардани озуқа барои Армияи Сурх кори бузургеро ба иҷро расонд, вале он кори хеле душвор буд. Гарчанде дар Душанбе ва Қаротоғ Ҳукумати Шӯроӣ барқарор шуд, вале дар баъзе қишлоқҳо ҳанӯз босмачиён бедодгарӣ мекарданд.

Замон замони пурошӯб буд. Бегоҳии яке аз рӯзҳои марти соли 1923, вақте ки дар Кумитаи инқилобӣ танҳо Одинаев ва мо посбонон (ман ва Юсуф) монда будем, саворае асп тозонда омад. Вай вакили қишлоқ Мирзооқсақол Расулов буд. Ӯ ба Одинаев гуфт, ки бо кори хеле муҳиме омадааст ва мехоҳад бо ӯ яккаю танҳо сӯҳбат кунад. Онҳо қариб ним соат бо ҳаяҷону изтироб сӯҳбат карданд. Чунон ки дертар ба мо маълум шуд, Мирзооқсақол Расулов ба раиси Кӯмитаи инқилобии мо дар бораи он нақл кардааст, ки Иброҳимбек дар қишлоқи Чинори Сӯхта ҳамаи қурбошиҳоро ба машварат даъват карда, якбора ва ногаҳон ба қароргоҳи Аскарони Сурх ба Ёвон, Шӯриён ва Қаротоғ ҳамла оварда ҳамаро мекуштааст.

Кумитаи инқилобӣ фавран ба мудофиа тайёрӣ дид. Одинаев ба мо дар бораи пинҳон кардани тамоми чизҳои қиматбаҳо ва пулҳои Кумитаи инқилобӣ фармон дод, худаш ба шӯъбаи муҳофизати Қаротоғ рафт, дар сари роҳ ба табобатхонаи ҳарбӣ даромад, дар бораи кӯчонидани беморон ва коркунони тиббӣ амр дод. Дере нагузашта фаъолони Қаротоғ — коркунони Кумитаи инқилобӣ, шӯъбаи муҳофизат, табибҳо, ҳамагӣ

пешина
аз 214
навбатӣ