Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

қариб 20 кас ҷамъ омаданд. Дар бинои Кумита танҳо мо посбонон мондем. Ба огоҳ кардани назоратчиёни тартибот фурсат нашуд.

Субҳи барвақт, тақрибан соати 5-и пагоҳӣ босмачиён ҳамла оварданд. Онҳо Қаротоғро иҳота карда ба сарое, ки муҳофизатчиёни Қаротоғ пинҳон шуда буданд, то рафт наздик мешуданд. Аввал онҳо «азони худ ҳастем, дарвозаҳоро кушоед», — гӯён илтимос карда бо ҳамин моро фириб доданӣ шуданд. Вале мо кӣ будани онҳоро медонистем, ва якбора оташ кушодем. Се нафар босмачиён захмдор шуда ба зону афтиданд. Андаке ҳама ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт. Аммо ҳамин ки субҳ дамид, босмачиён аз ҳавлии ҳамсоя ба бинои Кумитаи инқилобӣ зер карда даромаданд, дар он ҷо ҳама чизро чаппагардон карданд, чандин қолин, ду барзагов, ду оҳу ва бисёр аспҳоро гирифта рафтанд. Бародари хурдии Одинаев Мирзобойро дастгир намуда, ӯро ба азобу машаққат гирифтор карданд. Аз ӯ талаб мекарданд, ки ҷои молу мулки кумитаи инқилобиро нишон диҳад. Мирзобой гарчанде беҳолу бемадор шуда бошад ҳам, вале ба онҳо чизе нагуфт.

Боз як рӯз гузашт. Тирпарронии дутарафа хомӯш намешуд. Он ғоҳ босмачиён ҳамаи муллоҳо ва эшонҳо, бойҳоро ҷамъ карда, ба номи раиси Кумитаи инқилобӣ Одинаев мактуб навишта, талаб карданд, ки ҳамаи фидоиён таслим шаванд. «Агар бо тамоми яроқу аслиҳа таслим шавед, — навишта буданд онҳо, ҳаётатонро муҳофизат мекунем ва ба хонаҳоятон ҷавоб медиҳем, вагарна саройро оташ мезанем». Ин мактубро Шариф Расулов овард. Муҳофизатчиёни сарой бо мазмуни мактуб шинос шуда, албатта онро рад карданд. Дар ин ҷанг босмачиён мағлуб шуданд.

Ман соли 1924 ба Душанбе омадам ва дар он ҷо ба корхонаи ҳунармандии собунпазӣ ба кор даромадам. Дар он ҷо ташкилоти комсомолӣ барпо шуда буд. Моҳи декабри ҳамон сол маро ба сафи комсомол қабул карданд. Дере нагузашта маро бо якҷоягии намояндаи ташкилоти комсомолии вилоят Кавкаев барои барпо намудани ташкилоти комсомолӣ ба Қаротоғ фиристоданд. Дар баъзе деҳаҳо он ҷо ҳанӯз босмачиён бедодгарӣ мекарданд. Онҳо деҳқононро ғорат

пешина
аз 214
навбатӣ