Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
буд; бисёр вақт мактубҳо паҳн карда, коркунони пок-виҷдони шӯроиро бадном мекард: барои маълумотҳои додашуда, барои аслиҳаи фиристодашуда, ба онҳо гӯё миннатдорӣ мекард...
Мо ин ғоратгаронро аз чор тараф печонда гирифтем.
Ин дафъа ҳам деҳқонон ба мо ёрӣ расонданд. Онҳо аз паси Темур курбошӣ мепоиданд ва вақте ки ӯ дар қишлоқи Сангичоб истироҳат мекард, ба мо хабар доданд. Пас аз як соат мо бо ихтиёриён қишлоқро иҳота карда гирифтем. Ҷанговари ихтиёрӣ Саид Умаров, раиси комиссияи ҳукуматии ҳизбию шӯроӣ рафиқ Афзалӣ аз паҳлӯи ман мерафтанд.
— Агар ӯро зинда дастгир мекардем, ба суди халқ месупоридем, — гуфт касе. Қурбошӣ зинда таслим нашуд. Ӯ кӯшиш мекард, ки гурезад. Ёрдамчии командири гурӯҳ (номаш дар хотирам нест) нағз нишон гирифта, аспи ӯро бо як тир зада афтонд, бо тири дуюм ба дасти рости қурбошӣ зад. Вале қурбошӣ бо дасти чап тирпарронӣ карда, худро мудофиа менамуд. Баъд ӯ аз девор хез зада гузашта, ғоиб шуд. Вале ӯ аз қишлоқи Сангичоб баромада натавонист. Изи хун моро ба як ҳавлии дигар овард, вале дари он ҳавлӣ қулф будааст. Соҳиби ҳавлӣ гуфт, ки Темур фармон додааст, ки аз болои ӯ хонаро қулф кунад ва агар мурдан нахоҳад, хомӯш истад.
Мо бо як овоз фарёд кардем:
— Қурбошӣ, таслим шав!
Ӯ дар ҷавоб тир парронд.
— Ба хона оташ занед, то ки ин ғоратгар нагуре-зад. — гуфт соҳиби ҳавлӣ. Мо маслаҳати ӯро ба ҷо овардем ва пешакӣ гуфтем, ки ба ивази хона ду ба-робар зиёд пул медиҳем. Вале оташ задан ҳам натиҷа набахшид. Темур, ҳамчун ҳайвони ваҳшӣ муқобилат мекард. Ба ӯ муяссар шуд, ки аз хонаи сӯхтаистода зада баромада, аз пушти ҳавлӣ ба дараи кӯҳ дарояд. Дар ин ҷо ӯ ба ҳалокат дучор шуд, ҳамаи сокинони қишлоқ — пиру ҷавон, марду зан дар кори нест кар-дани ин золим ба мо ёрӣ мерасонданд. Соли 1926 тамоми халқи тоҷик якдилона ба мубориза ба муқо-били босмачён бархест. Сокинони қишлоқ аксаран худашон ғоратгаронро беяроқ мекарданд. Ҳазорҳо одамон ба отрядҳои ихтиёрӣ дохил мешуданд, мачлисҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё