Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
серомаД барпо мегаштанд, ки дар ин маҷлисҳо вазифаҳои мубориза ба муқобили душмани халқ муҳокима карда шуда, босмачиёни ба даст афтада суд карда мешуданд. (23 саҳ. 287, 301).
АБДУҲАМИД БОБОКАЛОНЗОДА
А. Бобокалонзода соли 1906 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор, дар оилаи дуредгар ба дунё омадааст. Падараш — Бобокалони чӯбтарош ном дошт. Соли 1916 аз олам чашм пӯшид. Абдуҳамид дар тарбияи модараш монд. Аз синни ёздаҳсолагиаш хизматгори бой гардид ва ҳаққи ночиз гирифта, ба оила, аз рӯи имкон кумак мерасонд. Солҳои 1919 — 1920 дар мадрасаи Қаротоғ таҳсили илм кард. Модараш соҳиби хатти савод буд ва ӯ бештар аз модараш савод мео- мухт. Соли 1922 модараш аз олам чашм пӯшид. Ху- ди ҳамон сол Абдуҳамид ба сифати хаткашон ба Ку- митаи инқилобии Қаротоғ қабул шуд. Солҳои 1924- 25 дар мактаб-интернати Қаротоғ таҳсили илм кард ва ба сафи комсомол дохил шуд. Дар ташкили ячей- каҳои комсомолӣ, дар Қаротоғ ҳиссаи калон гузошт. Охири соли 1925 Абдуҳамидро бинобар хушхат бу- данаш котиби Шӯрои қишлоқи Қаротоғ таъин наму- данд. Солҳои 1926 — 27 дар идораи Кумитаи батрак- ҳо вазифаи котиб ва дар тумани Қаротоғ вазифаи ко- тиби Кумитаи комсомолиро ба уҳда дошт. Дар даво- ми солҳои 1927 — 28 дар мактаби ҳизбии шаҳри Са- марқанд таҳсил кард, онро хатм намуд. Аз ҳамон сол аъзои ВКП(б) гардид. Солҳои 1928 — 1930 дар вази- фаи котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Шаҳринав хизмат кард. Аз соли 1931 то соли 1935 аъзои КМ Тоҷикистон, дар вазифаҳои инструктор ва ҷонишини мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон кор кард. Дар давоми солҳои 1935 — 36 ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ромит таъин шуд. Охири соли 1936 ба А. Бобокалонзода душмани ҳукумати маҳаллии Тоҷикистон — Шоди- муродов, Ашӯров, Абдуллоев ва дигарон бо баҳонаи «чаро ту зани ҷавон гирифтӣ?» аз сафи ҳизб ронданд ва ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум карданд. То

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё