Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Мо дастаи Мавлонбекро бо шарофати бачаи ёздаҳсолае ошкор кардем. Эскадрон оҳиста-оҳиста мерафт. Баногоҳ бо як бачаи ба ҳар шохҳои хушк боркарда вохӯрдем. Аскарони сурх будани моро фаҳмида, дарҳол: «Дар қишлоқ босмачиён! Мавлонбек» — гуфт. Мо ҳайрон шуда, ба якдигар нигоҳ карда мондем, ки дастаи ғоратгарон дар ноҳияи Шаҳрисабз амал мекард. Чӣ тавр вай дар ин ҷо пайдо шуда бошад? Командири эскадрон Захаров ба гапҳои бача бовар мекард. Вале Никитин ва ман сардорамонро ба тафтиши он водор кардем.
Говгум шуда буд. Хомӯширо садои пасти суми аспҳо вайрон мекард. Қишлоқ. Дар кӯчаҳо ягон касе нест, ҳеҷ як чизи шубҳанок ҳам нест. «Бача фириб дод». — фикр кардам ман.
Аз ними қишлоқ гузашта, ба болои кӯпрукчае, ки дар болои ҷӯи калон сохта шуда ва қишлоқро ба ду тақсим мекард, фаромадем. Ва баногоҳ дидем, ки ду кас дар сари табақи палав нишастаанду дар паҳлӯҳои худ милтиқ гузоштаанд. Аспи касе шиҳа кашид.
— Кӣ вай — саросемавор дод заданд босмачиён.
— Ба пеш! — фармон дод Захаров.
Аммо босмачиён чаққонӣ карда, ба аспҳо савор шуда гурехтанд. Яке аз онҳо гурехт, дигарашро асп ба замин афтонд. Мо ӯро дастгир кардем, барои пурсуҷӯ карда нишастан вақт набуд, эскадрон ба хонаи атрофаш бо девори баланд гирифташуда, ки аспи босмачиро ба онҷо оварда буд, ба ҳуҷум мерафт. Дар ҳавлӣ ҷанг сар шуд. Қурбоширо дастгир кардан муяссар нашуд, вале дастаи ӯ ҳамон шаб батамом нест карда шуд.
Як ҷанги дигар ҳам нағз дар хотирам мондааст. Он соли 1926 шуда буд. Он вақт ман акнун дар дивизияи 3-уми тирандозӣ, ки дар Ҳисор меистод, хизмат мекардам. Дастаи Иброҳимбек аз зарбаҳои мо пароканда шуда рафт. Дар Тоҷикистон дастаҳои хурди босмачиён тохтутоз мекарданд, аммо онҳо ҳеҷ леҳ хавфнок буданд, зеро аҳолиро ҷазо медоданд. Номи Темур қурбошӣ хусусан даҳшат меандохт, чунки ваҳшонияти ӯ аз ваҳшонияти аз ҳад зиёди Темури Ланг ҳам мудҳиштар буд. Ӯ иғвогари таҷрибанок ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё